Паём рамзи соҳибистиқлолии мо

2024-02-20

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати фаҳмонидани моҳият ва аҳаммияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ вохӯрии судманд доир намуд.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Боқизода Боқимуҳаммад, муовини раиси ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Рузибой, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Муломухтор Толибзода, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ Шуҳрат Саидзода ва устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Тоҳир Раҷабов, аъзоёну фаъолон иштирок намуданд

Қайд карда шуд, ки дар паёмҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон одатан самтҳои асосии рушди кишвар ва инчунин вазифаҳоеро, ки бояд барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳал карда шаванд, қайд мекунанд. Ҳамин тариқ, паём ба муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушд кумак мекунад ва барои кори минбаъдаи тамоми ташкилоту идораҳо роҳнамо мегардад.

Дар идома таъкид шуд, ки паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи нави сиёсии замони истиқлол буда, санади сарнавиштсоз, раҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, нақшаву барномаҳои рушди устувори минбаъдаи онро дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат фаро мегирад ва вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои амалиро барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас менамояд.

Дар анҷом зикр гардид, ки моро лозим аст, ки дар якҷоягӣ, бо ҳисси баланди ватандўстӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, дар рушди созандагию бунёдкорӣ ва баҳри тарбияи насли наврас саҳми арзандаи хешро гузошта бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кўшишу талош менамоем.