Панҷакент пешсаф гардид

2024-02-19

Чуноне иттилоъ доред, соли ҷорӣ 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки дар доираи он баргузории чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд.

Рейтинги ҳизбӣ оид ба интишори мавод, низ дар доираи ҳамин ҷашн давоми сол, ҳар ҳафта аз натиҷаи фаъолияти иттилоотию тарғиботии Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо амалӣ мегардад.

Боиси зикр аст, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самти чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ афзалиятнок буда, он дар фаъолияти ҳамарӯзаи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ рӯи кор мебошад.

Ҳамин тариқ, ҳафтаи гузашта Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент вобаста ба интишори мавод дар сомона ва саҳифаи фейсбукӣ пешсаф гардид.