Ҷаласаи таъиноти кадрӣ ва омодагӣ ба 30 солагии ҲХДТ дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ

2024-02-16

Санаи 15 феврали соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шахри Хоруғ бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова ва раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ доир гардид.

Ҳамзамон дар маҷлис кормандони шуъбаву бахшҳои МИҲД шаҳри Хоруғ роҳбарони идораву муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳрак ва тамоми кормандону аъзоёни фаъол ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои таъини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ ва дар сатҳи баланд гузаронидани 30 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои дар пешистода баррасӣ гардиданд.

Дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Азизова Париноз Шермадовна мудири шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ, ки барои интихоб шудан ба вазифаи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ ба Маҷлиси Кумитаи иҷроия пешниҳод карда шуд, аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроия ва фаъолони ҳизб дар шаҳри Хоруғ якдилона пазируфта шуд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда ва раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо зимни суханрониашон роҳбари нави КИҲХДТ дар шаҳри Хоруғро самимона барои ба вазифаи пурмасъули навбатӣ шодбош гуфта, барояшон дар фаъолияти минбаъдаи иҷрои ҳадафҳои ҳизбӣ комёбиҳои навинро орзу намуданд.

Ҳамзамон, ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ муваззаф мегарданд, ки барои ба таври шоиста ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 30 — солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо омодагии ҳамаҷониба дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти ҳизб фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи самараноки барномаҳои қабулгардида ва амалӣ намудани ғояҳои созандаи ҳизб дар ҷомеа равона созанд. Ҳамзамон, фаъолияти таблиғотию ташвиқотии худро дар арафаи таҷлили ин санаи таърихӣ вобаста ба дастовардҳои мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ вусъат бахшида, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 — солагии ҲХДТ тадбирҳои судманд андешида, дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо иштироки аъзои фаъол ва ҷонибдорони ҳизб маҷмўи чорабиниҳоро дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намоянд.