Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино баргузор гардид

2024-02-16

Дар толори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.   

Дар кори маҷлис Хонзода Абдураҳмон, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Исматов Исуф, муовини раиси ноҳияи Сино, Файзуллозода Заррина, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, аъзои Кумитаи иҷроия, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзои фаъоли ҳизб ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Сино иштирок намуданд.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис, гузориши Зувайдуллозода Муҳибулло, аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино “Дар бораи рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” шунида шуд.

Зикр гардид, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Сино вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои муайянеро анҷом доданд. Инчунин, ҳизбиёни ноҳияи Сино дар соли 2024 баҳри сазовор истиқбол гирифтани ин ҷашни муборак тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда, дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки аъзои фаъол ва ҷонибдорони ҳизб маҷмуи чорабиниҳоро дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор менамоянд.

Дар идома ба масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис ба аъзои Кумитаи иҷроия ва раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино тағйирот ворид гардида, Ҳабибзода Зоҳир аъзои кумита ва раёсати он интихоб гардид.

Дар ин замина, Хонзода Абдураҳмон роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қайд намуданд, ки мутобиқи банди 4.19. Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадҳоро барои интихоб кардан ба вазифаҳои раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, инчунин масъалаи озод намудани онҳоро ба маҷлисҳои кумитаҳои иҷроияи марбута пешниҳод менамояд.

Вобаста ба ин, мутобиқи банди 4.19. Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Файзуллозода Заррина бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино озод гардид.

Ҳамзамон, бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, номзадии Ҳабибзода Зоҳир ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино пешбарӣ гардид, ки аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ҷонибдорӣ ёфт.