Паём дастур ва роҳнамои кулли ҷомеа

2024-02-16

Дар асоси нақшаи муштараки мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳҳои тарғиботӣ-ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати фаҳмонидани моҳият ва аҳаммияти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон вохурии судмандро дар Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон баргузор намуд.

Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ, сардори раёсати маорифи вилоят Набизода Мадина, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар, муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода, профессори ДИС ДДТТ Азимов Абдумавлон иштирок доштанд.

Нахуст чорабиниро муовини раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ифтитоҳ намуда, зикр карданд, ки ироа намудани Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвар яке аз рукнҳои давлати соҳибистиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.

Мустақилона муайян гаштани манфиатҳои миллии кишвар ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ҳақиқатан тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои деринаи мардуми тоҷик аст. 

Дар рафти вохӯрӣ сардори раёсати маорифи вилоят Набизода Мадина суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки воқеан ҳам дар паёми имсолаи Пешвои миллат аҳамияти ҷиддӣ ба соҳаҳои маориф, иқтисодиёт ва рушди ҷомеа махсусан сармояи инсонӣ дода шуд, ки ин ҳам барои фардои дурахшон ва ҳаёти босаодати миллат равона карда шудааст.

Ҷомеаи муосир бе рушди илм, маориф ва фарҳанг пешрафт нахоҳад кард. Гузашта аз ин, аҳолии кишвар дар замони истиқлолият чандин маротиб афзуда, талаботи онҳо нисбат ба хидматрасониҳои тиббӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва ғайра пайваста зиёд мешавад. Бинобар ин, такмил дар низоми таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ аз зумраи он мақсадҳоест, ки танҳо тавассути ҷалби мутахассисони лаёқатманд амалан роҳандозӣ мешавад.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ вобаста ба Паёми умедбахш суханронӣ намуда, қайд карданд, ки он барои мо чун дастури таълимӣ баҳри рушди тамоми соҳаҳои афзалиятноки миллӣ равона шудааст.

Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд.”

Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат зикр доштанд, ки “Мо ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем. Бо ин назардошт раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар оид ба эълони соли “Маърифати ҳуқуқӣ” баромад намуда, зикр карданд, ки яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёдро мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, яъне маърифати ҳуқуқии комил ташкил менамояд.

Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад. Бояд қайд намуд, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ин раванд боиси баланд гардидани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд мусоидат менамояд. Дар ин радиф профессори ДИС ДДТТ Абдумавлон Азимов суханронӣ намуда, қайд карданд, ки мусаллам аст, ки дар сиёсати бобарори Ҳукумати Тоҷикистон таъмини масъалаҳои иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи бевосита зоҳир намудан ба ин соҳаҳо ва давра ба давра тақвият бахшидани самаранокии хизматрасониҳо ва шарту талаботи ҳифзи фаъолият мавқеи намоён ва аввалиндараҷа касб менамояд.

Пешвои миллат зимни ҳама суханрониву баромадҳо ва мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолӣ, инчунин дар ҳар паёми солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат қарор доштани масъалаҳои иҷтимоӣ ва пешбинӣ намудани кафолату имтиёзҳои давлатӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ибрози назар ва таъкидҳо менамоянд.

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, дар низоми сиёсии давлатдорӣ анъанаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва самтнамои ҳаракати устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи рушду амну осоиш мебошад.