Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Рушди соҳаи бонкдорӣ” дар шаҳри Ҳисор таъсис дода шуд

2024-02-15

Дар филиали Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Лолс” - молия дар шаҳри Ҳисор бо иштироки Изатуллои Ҳабибзод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва Садриддинзода Ҷомӣ, директори филиали Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Лолс - молия дар шаҳри Ҳисор маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид.

Нахуст ба як чанд нафар кормандони филиали Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Лолс” - молия” дар шаҳри Ҳисор, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҲХДТ аъзо шуда буданд, шаҳодатномаи узви ҲХДТ супорида шуд.

Сипас дар филиали Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Лолс” - молия” дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуда, номи он “Рушди соҳаи бонкдорӣ” гузошта шуд.

Бо ҷонибдории аъзои ҳизб Садриддинзода Ҷомӣ, директори филиали Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Лолс”-молия” дар шаҳри Ҳисор, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Тоҷиев Улуғбек, муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ “Рушди соҳаи бонкдорӣ” интихоб гардиданд.

Дар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии “Рушди соҳаи бонкдорӣ” Изатуллои Ҳабибзод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор суханронӣ намуда, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар филиали Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Лолс”-молия” дар шаҳри Ҳисор иқдоми саривақти ва созгори Роҳбарияти филиали Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Лолс”-молия” дар шаҳри Ҳисор арзёбӣ намуд.

Сипас оид ба нишондодҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи бавуҷудомадаи ҷомеаи ҷаҳон, минтақа, торафт мураккаб гардидани муносибатҳои кишварҳои абарқудрат, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ намуд.

Дар фаромади маҷлис Садриддинзода Ҷомӣ, директори филиали Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Лолс”-молия” дар шаҳри Ҳисор иброз дошт, ки барои татбиқи амалии Оиннома, Барнома ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҲХДТ аз тамоми имконияти мавҷуда истифода мебарем.