Тоҷикистон мизбони Шӯрои 4-уми директорони киностудияҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад

2022-03-31

Имрӯз, 31 март дар шаҳри Душанбе Шӯрои 4-уми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кинематография миёни намояндагон ва роҳбарони киностудияҳо баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм».

Дар кори он масъалаҳои ҳамкорӣ, табодули таҷриба дар филмофарии муосир мавриди баррасӣ қарор гирифта, фаъолият ва неруи эҷодию техникии киностудияҳо муаррифӣ ва барои офаридани филмҳои муштарак дар оянда ҳамкорӣ тавсеа дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 24 сентябри соли 2019 дар заминаи Студияи миллии «Беларусфилм» нахустин ҷаласаи Шӯрои мудирони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон баргузор шуд. Дар кори Шӯро иштирокчиён дар бобати инкишофи киностудияхои давлатӣ мубодилаи таҷриба карда, роҳҳои ҳалли мушкилоти умумӣ ва ҳамкориро дар татбиқи лоиҳаҳои якҷоя баррасӣ намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки аз 21 то 24 декабри соли 2021 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи сеюми Шӯрои мудирони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон баргузор гардид, ки дар он директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён сухан гуфт.

Ҳадафи асосии Шӯро муттаҳид кардани талошҳо, инчунин таҳия ва ҷорӣ намудани механизмҳои нави густариши ҳамкорӣ мебошад.