Дар Маҷлиси намояндагон санад оид ба ворид намудани иловаҳо ба Созишнома дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон баррасӣ шуд

2022-03-28

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он ротокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».

Вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода иброз дошт, ки Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Бо дарназардошти он ки солҳои охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар менамоянд, афзоиш ёфтааст ва бинобар сабаби кам будани муҳлати бақайдгирӣ онҳо баъзан ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, аз ин лиҳоз Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 ба имзо расонида шуд, ки тибқи он ба бандҳои 3 ва 4 илова ворид карда шуд. Аз ҷумла ба банди 3 илова шудааст, ки “шаҳрвандони давлати яке аз Тарафҳо, ки ба қаламрави давлати Тарафи дигар ворид мешаванд, аз уҳдадории бақайдгирӣ ва қайди муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати Тарафи иқомат ба муҳлати 10 (даҳ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштани сарҳади давлатии давлати Тарафи қабулкунанда озод мешаванд”.

Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 ба моддаи 57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 10, 11 ва 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолифат надорад.