Фестивали ҷавонони пойтахт таҳти унвони "Об барои ояндаи мо" баргузор гардид

2023-10-27

Дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Умари Хайёми пойтахт бо ташаб­буси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Фестивали ҷавонони пойтахт таҳти унвони “Об - барои ояндаи мо” баргузор гардид.   

Дар фестивал муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулҳамид Қаюмов, муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода аъзои фаъоли ҲХДТ, роҳбарон ва кормандони масъули сохторҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб, раисони як қатори кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии пойтахт, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Нахуст, меҳмонон Осорхонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ гардидааст, тамошо карда, сипас, дар Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Тоҷикистон - ташаббускори масоили об дар сатҳи ҷаҳонӣ” ширкат намуданд.

Кори конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода оғоз бахшида, зикр кард, ки мақсад аз баргузории он, пеш аз ҳама, таблиғу ташвиқи ҳамаҷонибаи ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим мебошад.

Гуфта шуд, ки таърихи даврони навини давлатдории тоҷикон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳ аст, ки ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, ба таҳкими ҳамкорӣ ва танзими муносибатҳо дар ин соҳаи ҳаётан муҳим равона гардида, барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор заминаи пойдор мегузоранд. 

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор дар суханронии худ зикр намуданд, ки воқеан ҳам, мушкилоти таъмини об барои аҳолӣ сол ба сол зиёд мегардад. Зеро айни ҳол тибқи маълумоти оморӣ, қариб 1 млрд. одам дар дунё ба оби тозаи ошомиданӣ ва 2,6 млрд. нафар ба шароитҳои оддитарини санитарӣ дастрасӣ надоранд. Зиёда аз 80 давлат норасоии захираҳои обро эҳсос менамоянд, ҳар ҳафта 42 ҳазор нафар аз бемориҳое, ки ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва шароитҳои ғайрисанитарӣ вобастаанд, мефавтанд, ки бештар аз 90 фисади ин кӯдакони синнашон то 5 – сола мебошад. Хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба манбаи воситаҳои зиндамонии зиёда аз 1,2 млрд. нафар мардуми дунё таҳдид мекунад.

Аз ин хотир, ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон низ на танҳо аҳамияти минтақавӣ, балки байналмилалӣ касб кардаанд ва Пешвои миллати моро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ на танҳо ғамхори кишвар ва мардуми худ, балки ғамхор ва пуштибони ҷамеаи ҷаҳонӣ маънидод кардаанд, ки воқеан ҳам, барои мо боиси ифтихор аст.

Дар идома муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода ва директори МД “Маркази омӯзиши пир­яхҳо”-и АМИТ Абдулҳамид Қаюмов дар  мавзуъҳои “Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикис­тон дар соҳаи обу иқлим” ва “Тоҷикистон - пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон” маърӯза карданд.

Нотиқон иброз доштанд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000-ум инҷониб Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба ҳалли масъалаҳои об 7 қатънома қабул намуд, ки ин иқдоми бузург дар боло рафтани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо дар раванди баррасии муаммоҳои глобалӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст.

Пас аз анҷоми конференсия, ки дар ҳошияи Фестивали ҷавонони пойтахт таҳти унвони “Об барои ояндаи мо”, меҳмонон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Умари Хайём намоишгоҳи масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро аз наздик дида, мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои футболи хурд, волейбол, бокс, чавгонбозӣ, гимнастикаи бадеиро тамошо карданд. Ҳамчунин, онҳо дар раванди тамринҳои варзишӣ, озмунҳои “Мусаввараи беҳтарин” ва “Иншои беҳтарин” ширкат карданд. 

Дар идома маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони як қатор озмунҳои доиргардида баргузор шуд. Ҳамин тариқ, ба ғолибони бахшҳои Фестивал аз ҷониби Кумитаи тадорукот Диплом, Сипоснома, Ифтихорномаи ҳизбӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дар анҷом, барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони саршиноси кишвар баргузор гардид, ки ба рафти фестивал шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.