Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” бо сокинони маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ

2023-10-26

Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Шӯрои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Фирдасӣ бо сокинони маҳаллаи Чимтеппа вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ, Сафаров Зариф, аъзои Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Қосимзода Азизулло, роҳбари Шӯрои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдулло Раҷабов ва роҳбарияти ташкилоти ибтидоии “Яккатут” иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Яккатут вобаста ба нақшу мақом ва муҳиммияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, пешгирии бемориҳои сироятии мавсимӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии шомилшавии шаҳрандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободкорӣ дар шаҳри Душанбе сӯҳбат доир гардид.

Зимни вохӯрӣ Сафаров Зариф роҷеъ ба пос доштани Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Инчунин, дар идомаи вохӯрӣ Абдураҳим Шоҳиён вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, риояи ҳатмии одоби шаҳрнишинӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва амсоли ин масъалаҳои муҳим суханронӣ намуда, қайд гардид, ки қонуни мазкур дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дар замири ҳар як фарди бонангу ори кишвар заминаи амиқ хоҳад гузошт.

Дар идомаи вохӯрӣ дигар иштирокдорон низ суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ бояд дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа, махсусан насли наврасу ҷавон тарғиб ва ҳифз карда шаванд. Ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг ва генофонди миллӣ, инчунин тарғиби идеологияи солими миллӣ масъулияти ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба хусус ҳамсафони мост.

Дар охир ба як қатор ҷавононе, ки ба узвияти ҲХДТ пайвастанд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.