Ҳизбиён «Шикори шер»-ро тамошо карданд.

2022-01-28

        Дар доираи баргузории Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гуруҳи калони иштирокчиёни маҷлис бо роҳбаладии муовинони Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода аз намоишномаи “Шикори шер” аз рӯйи романи таърихии нависандаи Миср Зайдон Ҷурҷӣ дар таҳияи коргардони Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Султон Усмонов дидан намуданд.

Намоишномаи “Шикори шер” дар фестивал-озмуни «Парасту-2021» сазовори ҷойи аввал гардида буд. Коргардон намоишро аз лиҳози интихоб, муҳиммияти мазмунӣ ва фарогирии масоили мубрами миллӣ хеле ҷолиб ва диданӣ таҳия намудааст.

Дар меҳвари намоиш ғурури миллӣ, ҳаводиси таърихӣ ва ҳассосиятҳои замони Бармакиён ва хоса Ҷаъфари Бармак қарор дошт. Нақшофарон Абдукарим Машраб (халифаи Бағдод Ҳорунаррашид), Насриддин Асадуллоев (вазири хилофат Ҷаъфар ибни Яҳё), Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Фирӯз Умаров (амаки халифа Шайх Исмоил), Хурмо Миразизова (Аббоса - ҳамшираи халифа ва ҳамсари Ҷаъфар ибни Яҳё), Малика Азизмамад (ҳамсари халифа), Шуҷоат Асадуллозода (Муҳаммад ал-Амин-писарбузурги халифа), Аъзамҷон Розиқов (ал-Ҳодӣ-амакзодаи халифа), Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Маҳмадӣ Мирзоалиев (Абулатаҳия-шоири дарбор), Шамсия Асанова (Атба-канизи Аббоса), Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Асалбек Назриев (ҳамдам - хидматгори Ҷаъфар ибни Яҳё), Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Исфандиёр Ғуломов (Урдҷувон-хидматгори Аббоса), Умеда Раҳимова (ҷосусзан-канизи дарбори Ҷаъфар ибни Яҳё). Салоҳиддин Шукурзода (Масрур-ҷаллод), У. Саъдуллоев, Р. Юсуфов, С. Каримов, Қ. Насруллоев (сиёҳпӯшон) ба таври касбӣ ва маҳорати баланди ҳунармандӣ кӯшиданд ҳаводиси дарбор ва эҳсоси замонро ба тамошобин расонанд.

Кормандони масъули Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷрояи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, аъзои шўрои собиқадорон ва дигар ҷонибдорони ҳизб ин намоишномаро бомаром ва таваҷҷуҳи хос тамошо карда, аз он ғизои маънавӣ бардоштанд.

Дар охири намоиш муовинони Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода ба аҳли ҳунар изҳори сипос намуда, ба саҳна гузоштани «Шикори шер»-ро касбӣ, ифтихорбарангез ва ҷолиби диққат хонданд. Ба нишони эҳтиром ба аҳли ҳунар дастагулҳои зебо тақдим гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки тавсеаи зеҳни инсонӣ, заковати фитрӣ, рушди маънавиёт, тарғиби зебоипарастӣ, дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон тақвият бахшидани ифтихори миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ба раванди бунёдкориву созандагӣ даъват ва сафарбар намудани мардум аз вазифаҳои муҳимми барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.