Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносӣ вазифаи волидайн ва мактаб аст

2023-09-19

Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, кормандони масъули кумитаи иҷроия дар ҷамоатҳои деҳот корҳои таблиғотиро ба роҳ монда, атрофи мавзуъҳои мубрами рӯз аз қабили тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирӣ намудани онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пайваста вохӯриву мулоқот доир менамоянд.

Зимни вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи "Лоҳутӣ"-и ҷамоати деҳоти Ҷиликул, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, доираи ҷалби ихтиёрии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи миллию хештаншиносӣ ибрози андеша намуд.

Дар ин радиф зикр дошт, ки ташаккули худшиносии миллӣ, муносибати арзанда ба шахсият, ҷомеа, давлат, инчунин эҳё ва рушди онҳо дар тафаккури ҷомеа арзишҳои олии ватандустӣ маҳсуб меёбад. Дар марҳилаи навини таърихӣ барои ноил шудан ба мақсади наҷибу муқаддас иродаи азиму имони комил, донишу биниши иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва маърифати мукаммал зарур аст. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмандонаву аҳлона ва зиракона сайқал бахшидани андешаи миллӣ, ки таҳкимбахши ҳуввияту худшиносӣ аст, маҳорату маърифати беназирро талаб менамояд.

Ҳамчунин дигар иштирокдорон низ баромад карда, доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаи таълимӣ, омодагӣ ба фасли зимистон дар муассисаҳои таълимӣ суханронӣ намуданд.