Рӯдакӣ – бунёдгузори адабиёти оламшумул

2023-09-18

Осори боқимондаи корвонсолори шеъри аҷам-устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ садсолаҳост, ки вирди забони мардуми суханпарвари дунёст. Ашъори то ба мо расидаи маликушшуарои нахустини адабиёти форсӣ гувоҳи он аст, ки дар он рӯзгор пояҳои ин кохи муҳташами назмро ҳамчун меъмори варзида тарҳрезӣ намудааст, ки тамоми осори офарандагони баъдӣ марҳуни хидматҳои устод мебошанд ва барҳақ Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр «Рӯдакӣ кори пури Достон кард» мегӯяд ва ин осори газанднописанду ҷаҳоншумул имрӯз низ аз шуҳрати худ заррае накостааст, балки рӯз аз рӯз машҳуру оламгир мегардад. Инро ҳам набояд фаромӯш кард, ки шоҳон ва ҳокимони Сомонӣ дар такомулу густариши шеъру адаби форсӣ заминаи мусоид фароҳам оварда буданд. Онҳо, воқеан аз уламову удабои замон бениҳоят пуштибонӣ ва қадрдонӣ мекарданд. Аз ин ҷост, ки пешиниён асри дурахшони ҳукуматдории ононро ба сифати баҳори шеъри форсӣ хондаанд. Мавҷудияти сулолаи Сомониён таъсири муассире ба тавлиди осори устод Рӯдакӣ бахшидаанд. Ин тафохуротро устод Шаҳриёр дар «Рӯдакӣ» ном шеъри хеш басо накӯ ба қалам додааст:

Вақт хуш буд Оли Сомонро

Ҷой дар хитаи Хуросон буд.

Рӯдакӣ низ чун дурри шаҳвор,

Зеби дарбори Оли Сомон буд.

Ҳамчу теғи амир Исмоил,

Хомаи Рӯдакӣ ба ҷавлон буд.

Дар низоъи бақои миллият,

Аввалин қаҳрамони майдон буд.

Панду андарз аз муҳимтарин мавзуъҳои адабиёти гузаштаи мо мебошад, ки дар осори бозмондаи султони шоирон ҷойгоҳи вижаро ишғол менамояд. Афкори ахлоқии ӯ дар тамоми давру замонҳо дар тарбияи маънавии насли инсон нақши носутурданӣ доштааст. Шоири волосухан «Замона чун нигарӣ, сарбасар ҳама панд аст» мегӯяд ва ворисонро вомедорад, ки рӯзгори хешро бо хулқу атвори накӯ оро диҳанд, ба андӯхтану анбоштани маърифати инсонӣ кушо бошанд. Ин шоири рӯшанбин мутмаин аст, ки «дониш андар дил чароғи равшан» ва таҳсилоти комили инсон ҳам ба туфайли кӯшиши пажӯҳишгаронааш ба даст меояд.

Бузургтарин ганҷи дарёфтаи башарият ин фарҳанг аст, ки онро танҳо тавассути омӯзишу парвариш метавон ҳосил намуд ва биофарид ва ин ҳақиқати бебаҳсро шоири мо, пеш аз ҳама, гӯяндагону шоирон бо калимоте содаву фаҳмо чунин иброз дошта буд:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Агар аз нигоҳи таҳқиқ ба эҷодиёти шоир назар афканем, дармеёбем, ки фармудаҳои шоир ба тамоми паҳлӯҳои тарбияи миллии мо созгор аст. Ин нуқтаро дар мисоли тарбияи ғояи миллӣ, хештаншиносӣ ва ватанпарастӣ бар мабнои осори устод мехоҳем баррасӣ намоем.

Сухансарои бузург дар абёти бозмондаи худ перомуни мавзуъҳои мухталифи рӯзгори инсонӣ ҷаззобтарин суханҳоро баён доштааст, ки дар лобалои онҳо метавон мардумонро ба худогоҳӣ, меҳандӯстӣ ва созандагию ҳамдигарфаҳмӣ зистан даъват намуд. Ҳарчанд ки роҷеъ ба мавзуи мавриди гуфтугӯи мо дар осори шоир абёти хеле кам ба чашм бармехӯрад, аммо аз он чӣ дар ин мавзуъ дар абёти бозмондаи шоир мехонем зубдаву фишурдаи ҳамон афкори ахлоқии адабиёти мо дар асри Х мебошад.

Шоир бо сутудани шоҳони сомонӣ, бахусус, Наср ибни Аҳмад, ки воқеан ҳам мудофеъи марзу бум ва ҳомии фарҳангу адаби ниёгон будаанд, ғояи меҳанпарастиву худогоҳии миллиро талқину ташвиқ намудааст. Васфи Бухорои замони шоир ва дар зимн ин шаҳри тамаддунсозро аз Бағдод, ки қароргоҳи хилофати Араб буд, волою муътабар шуморидани суханвари ватандӯст бесабаб набуда, балки ин абёти саршор аз ифтихорот шаҳодат аз он медиҳад, ки шоир бо ситоиши Бухоро шукӯҳу шаҳомати Хуросони бузург ва фарҳанги ахлоқу тамаддуни халқи моро, ки нав баъди сукути ду қарн эҳё шуда буд, дар назар доштааст. Шоир дар ин абёти фахрия бо баробари ба қалам овардани номи Бухорову ёд аз мири Хуросон намудан ба соқию мутриб рӯ оварда, табли шодиву нишот мезанад ва орзуи ғаму андӯҳ ва нокомиро насиби ҳасадбарону душманони ватани хеш мекунад. Ин меҳрномаи сурурбахши шоир бо калимаҳои содаю зебою фаҳмо чунин қаламӣ шудааст:

Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,

Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост.

Соқӣ, ту бидеҳ бодаю мутриб, ту бизан руд,

То май хӯрам имрӯз, ки вақти тараби мост.

Май ҳасту дирам ҳасту бути лоларухон ҳаст,

Ғам нест в-агар ҳаст насиби дили аъдост!

Метавон дар зимн суханони донишманди араб Саолобӣ, ки дар китоби «Ятиматутдаҳр»-и худ Бухороро васф намудааст, барои мисол овард: «Бухоро дар замони давлати Сомониён марҷаи азамат, шарафи мулк, маҳалли ҷамъомади донишмандони дараҷаи аввали замон ва ҷойи тулӯи ситорагон – бузургони удабои рӯи замин ва маркази фузалои даҳр буд... »

Аз ин ваҷҳ, шоире, ки «Варо бузургиву неъмат зи оли Сомон буд», ҳуқуқи маънавӣ дошт, ки дар мадҳи Наср ибни Аҳмад пешоҳанг бошад.

Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо,

Рустами Дастон туӣ андар набард.

Не, ки Ҳотам нест бо ҷуди ту род,

Не, ки Рустам нест дар ҷанги ту мард!

Ин маъниро аз қасидаи «Модари май» аз мукаммалтарин қасидаи ӯ, ки аз миёни он ҳама кӯриҳои таърих бегазанд то ба мо расидааст ва бо хоҳиши Насри 11 дар мадҳи волии Хуросон Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад нигошта шудааст, метавон дарёфт намуд. Ба маърази мадҳ кашидани амире, ки пуштибонӣ аз мулку давлат ва қадрдонӣ аз асолату заковати фарҳанги хеш мекунад, бешубҳа, таҷассумгари замони рӯзгори шоир аст. Устод Рӯдакӣ бо ситоиш намудани ин чеҳраи накӯноми таърихӣ андешаҳои ватанпарастонаи худро тарғиб доштааст ва сабақ гирифтан аз он касро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбият мекунад.

Оне, ки бо иштиёқи тамом нидои «Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд» – ро дар медиҳад, бо ҳамвора ба забон овардани номи Бухоро мақсади худро ба самъи посдорони хиттаи Хуросони Кабир расонидан буд, дар ҳифозати марзу буми кишвар ҷонсупор бошанд ва дар роҳи доштани ваҳдату якпорчагии он худро ба канор наандозанд.

Гурӯҳҳое бо ҳар роҳу васила мехостанд, ки дар пешрафту равнақёбии давлати Сомониён монеа эҷод кунанд. Фарзияе ҳам вуҷуд дошт, ки қувваҳои марказгурез нияти кӯчонидани пойтахтро ба Ҳирот тарҳрезӣ намуда, аз байн бардоштани Наср ибни Аҳмад ва зимомдорони сомониро низ ба нақша доштаанд. Шояд ин тахмине беш набошад. Вале мутолиаи шеъри машҳури «Бӯӣ ҷӯи Мулиён ояд ҳаме» -и соҳибқирони шоирон ва таърихи тавлид ёфтани он ногузир моро ба жарфтар андеша намудан вомедорад. Бо таъкид бояд баён дошт, ки перомуни шеъри мазкур то ба ҳанӯз миёни донишмандону муҳаққиқони осори шоир ақидаҳои ихтилофнок тарҳрезӣ меёбанд, ки наметавон дақиқии ин ё он фикри пажӯҳишгаронро қобили қабул шуморида, ба ин нуқтапардозиҳои печида нуқтаи хотима гузошт. Аммо ҷолибтар аз ҳама барои мо ғояи асосии ин асар аст, ки дар он аз як сӯ таъсири ин шеъри пурмуҳтаво ба нафси амир Наср ибни Аҳмади Сомонӣ муассир афтода бошад, аз сӯи дигар эҳсоси ватанхоҳӣ ва ифтихороти шоирро аз ҳувияти миллӣ мо аз он дарку ташхис менамоем. Дар ин қасида, ки аз рӯи ривояти маъруф бо хоҳиши дарбориёну сипоҳиёни дар ёди ватану аҳлу аёли хеш муштоқ буда иншо ёфтааст, шоир иттиҳоди давлатии ватанашро талқину тарғиб намудааст. Воқеан ҳам, қироати ин абёти муассир касро ба гиромидошти Ватан, дӯст доштани обу хоки ҳаётпарвари он даъват мекунад.

Осори нотакрори нобиғаи сухан, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ асрҳост, ки аз назари аҳли ҳунар дур наафтода ва доимо мавриди омӯзиш ва ситоиши офарандагони баъдина қарор доштааст. Қасидаи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» аз хонотарин шеъри устод маҳсуб меёбад. Шоирони зиёде дар пайравии он ҷавобия навишта ва ё онро тазмин намудаанд. Аммо мусаллам аст, ки аз тамоми гуфтаҳои дигарон худи ӯ беҳтару хубтар гуфтааст. Бештари танзимкунандагон ба тағйир додани қофияи қасида ва нигоҳ доштани радифу вазни он нигоришоти хешро ба либоси тозаи бадеӣ бозгӯ намудаанд.

Лоиқ Шералӣ дар пайравии ин қасида шеъри бузургҳаҷме дар ҳудуди 36 байт суруда, ки дар он аз шукӯҳу манзалати Оли Сомон ва шоҳи соҳибқирон Исмоили Сомонӣ басо ошиқонаву содиқона бо суханони саршор аз меҳр ёд меоварад. Ин қасида ба ифтихори таҷлил аз 1100 солагии давлати Сомониён, ки бо ибтикори Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 сурат баста буд, ба риштаи назм кашида шудааст. Суханвари меҳанпараст дар ин шеър мисраи «Бӯи ҷӯи Мулиён ояд ҳаме»- ро тазмин намуда, вазну қофияи онро ба тамомӣ нигоҳ доштааст. Ин муҳаббатнома бо абёти зерин ифтитоҳ меёбад:

Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме,

Ғулғули Сомониён ояд ҳаме.

Аз Бухоро бар Душанбеи шариф,

«Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме».

Қобили қайд аст, ки шоири фасеҳбаён дар офаридани ин абёти рангин луғату калимот бо каломи шевоӣ ва зебоӣ зеби рақам задааст, ки қироати он касро бефарқ гузошта наметавонад ва бидуни тардид моро ба сайри таърихи куҳани баҳоросои аҷдодӣ мебарад. Шоир ифтихор аз ниёи зинданому баномусаш Исмоили Сомонӣ ёд мекунад ва авсофи ӯро ба гунаи «вориси тоҷи Каён» чунин ба қалам додааст.

Чун дилам дар ёди миллат метапид,

Рӯи каф дил армуғон ояд ҳаме.

Аз миёни чанд қарни ашку хун,

Паҳлавону қаҳрамон ояд ҳаме.

Эй Душанбе, боз кун оғӯши хеш,

Шоҳи Сомон меҳмон ояд ҳаме.

Аз ашъори баррасишуда ҳамин хулоса мебарояд, ки қасидаи Одаммушуаро, ки дар замонаш ба муштариёну муштоқони шеъри форсӣ муассир афтода буд, таъсиру нуфузи худро имрӯз низ барои хонандагон ба ҳамин таровату шаҳомат ва виқору ватанхоҳиву ифтихор аз марзу бум нигоҳ доштааст. Ин қасида намунаи барҷастаи ҳифз аз марзу бум ва ватандӯстӣ мебошад, ки рӯҳияи онро беш аз дигарон устод Лоиқ пай бурда, он ҳама ифтихору муҳаббате, ки ба Амир Исмоил дошт, тавассути шеъре, ки дар ин қолаб дар қатори бузургони шеъру адаби мо суруд, иброз доштааст.

Ҷӯраев Ҳасан Акрамзода,

устоди кафедраи забон ва адабиёти

факултети педагогика, номзади илмҳои педагогӣ

Аъзои ҲХДТ дар Т.И "Омӯзгор" дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ