Баргузории дарси навбатии мактаби захираи кадрии назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

2023-09-18

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дарси навбатии мактаби захираи кадрии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Ин навбат раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ вилояти Суғд Зокиров Саидбой ба шунавандагон дар бораи “Низоми интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза намуд.

Мавсуф қайд кард, ки дар замони муосир интихобот яке аз меъёрҳои асосие мебошад, ки ба воситаи он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад. Ҳамчунин, дар амал татбиқ намудани ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон аз интихобот вобастагии зиёд дорад.

Ҳамзамон зикр намуд, ки интихобот яке аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ба шумор рафта, ба воситаи он ҳокимият ба таври осоишта ва бо иродаи халқ аз дасти як гурӯҳ ба дасти гурӯҳи дигар мегузарад. Бинобар ин, интихобот воситаи иваз гардидани элитаи ҳукмрон ба шумор меравад. Самаранокии интихобот ва аз тарафи ҷомеа эътироф гардидани натиҷаҳои он яке аз нишонаҳои муҳими ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбад. Интихобот ҳалли масъалаҳои дар ҷомеа бавуҷудомадаро ба таври осоишта ва бо усулҳои сиёсӣ бояд таъмин намуда тавонад.

Ҷараёни баргузории интихобот ба он равона карда мешавад, ки фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванд дастрас буда, шароити арзандаи зиндагиро таъмин намояд. Бояд зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати шаффоф ва бо риояи талаботҳои дахлдор баргузор гардидани ин маърака аз ҷониби Ҳукумати кишвар чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд мактаби омодакунии захираҳои кадрӣ ҳафтае як маротиба амал мекунад, ки дар он, занон ва ҷавонон аз мактаби бузурги роҳбарии шахсиятҳои варзида сабақ меомузанд.