Худшиносии миллӣ дар тарбияи ҷавонон
2023-09-15
Тоҷикистон
давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Дар ин
кишвар ҳамаи шаҳрвандон, қатъи назар аз миллат, нажод, эътиқоди динӣ, ҷинс,
забон, мавқеи сиёсӣ ва вазъи иҷтимоӣ баробар зиндагӣ мекунанд ва тарбия
мегиранд. Ҳамаи шаҳрвандон метавонанд фарзандонро дар руҳияи анъана ва арзишҳои
миллии худ тарбия намоянд, ба шарте, ки хилофи арзишҳои умумидавлатии
Тоҷикистон ва манфиатҳои кишвар набошад. Маънои худшиносӣ воқиф будан аз тамоми
суннатҳои гузашта мебошад. Яъне, он чӣ ниёгони мо доштанд, ҳамонро бояд таҷдиду
эҳё намоем. Аз доираи танги қавму маҳал берун бароем.
Мо
имрӯз аз мероси гузаштаи фарҳангии худ ифтихор карда, ҳар як ашёи қадимаро дар
осорхонаи боҳашамати ватанӣ ва ҷаҳонӣ нигоҳ медорем, гуногунрангии забонҳо ва
фарҳанги халқҳою минтақаҳоро ҳамчун падидаи нодири таърихӣ таблиғ менамоем.
Ниёгони
ориёии мо дар айёми рушду нумуъ ва шукуфоии баҳори умрашон яке аз қадимтарин
тамаддунҳои ҷаҳониро офаридаанд, ки бар пойдевори афкори башардӯстонаи «пиндори
нек, гуфтори нек ва рафтори нек» устувор буд. Гузашта аз ин, онҳо низоми
мукаммали давлатдорию идоракунӣ, санъати асили меъморию шаҳрсозӣ, тарзи
оқилонаву мутамаддини муносиби байни халқияту миллатҳо, эҳтироми оинҳои
мухталифи динӣ ва ҷараёну мактабҳои гуногуни илмию фалсафиро барои наслҳои
оянда ба мерос гузоштаанд.
Давраи
Сомониён давраи тиллоии таърихи халқи тоҷик буд. Маҳз дар ҳамин давра илму
ҳунар, адабиёту фарҳанг ва умури давлатдорӣ рушду пешрафт карда, шахсиятҳое ба
майдон ворид шуданд, ки то имрӯз кору фаъолияти онҳо дар таърихи тамаддуни
ҷаҳонӣ беназир мебошад. Маҳз давраи Сомониён оғози эҳёи халқи аз нав
ташаккулёфтаи тоҷик мебошад. Эҳёи миллии мардумони Эрони шарқӣ, ки бо пайдоиши
халқи тоҷик вобаста аст, ҳамзамон оғози давраи Шарқи Миёна мебошад. Маҳз дар
аҳди Сомониён матнҳои авестоӣ-зардуштӣ бо забони форсии миёна ҳамчун китоби
муқаррарӣ истифода мешуд. Дар ин давра донишҳои таърихию фалсафӣ, адабӣ,
ҳунарӣ, ривоятҳои халқӣ ва дастхатҳои қаҳрамонии ҳамаи халқҳои форсизабони
қадима гирд оварда шуда, асосҳои забони форсӣ-дарии тоҷикӣ гузошта шудааст.
Пешрафти
кори таълиму тарбия, барқарор намудани хусусиятҳои миллӣ, нигоҳдории арзишҳои
офаридаи гузаштагон густариши худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, ватанпарастӣ ва
фаҳмиши арзишҳои умумибашариро тақозо менамояд. Таърих оинаест, ки мо дар он
мавқеи гузаштагонамонро бо ҳама шукуҳу шаҳомат ва нобаробариҳояш дида, ба ҳусни
фаъолияту корбарии ӯ сарфаҳм рафта, бо ин восита қадаме ба сӯйи хештаншиносӣ ва
худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвару мардуми худро муайян карда
метавонем. Ба ҳама маълум аст, ки тоҷикон миллати ориёиасл буда, аз қадимулайём
сокинони аслии Осиёи Марказӣ мебошанд ва ин таърихи онҳо бо таърихи кулли
мардуми эронинажод пайванди ногусастанӣ ва решаи қавӣ дорад.
Албатта,
талх аст ба ёд овардани шикасту таназзули давлату миллат. Лекин аз руйдодҳои
воқеии таърихӣ низ чашм пӯшида наметавонем. Бояд онҳоро биомӯзем, бидонем, ба
фарзандон фаҳмонем, то ки аз гузашта ибрат бигиранд. Рӯ овардан ба таърих ва
омӯзиши он маҳз барои худогоҳӣ, бедорӣ ва ҳушёрии миллати мо басо ногузир аст.
Ба назарам, ифтихор аз гузаштаи таърихии халқу миллати худ шоиста аст, ки онро
бояд донӣ, дарк кунӣ ва аз бурду бохташ огоҳ бошӣ, вагарна ифтихорат пучу бепоя
аст ва ба ҷуз аз саргардонию гумроҳӣ ҳосиле нахоҳад дошт.
Мақсад
аз таҷлили ҷашнҳои миллӣ дар давлати соҳибистиқлоламон, пеш аз ҳама, бедор
кардани худшиносии миллӣ, равшантар нишон додани мақому мартабаи тоҷикон дар
масири таърих, таҳкими ваҳдати миллӣ, густариши ҳисси ватандӯстӣ ва баланд
бардоштани сатҳи маънавиёти мардум мебошад.
Ватанпарастӣ
арзиши муқаддас ва муҳимтар аз ҳама, тарбия мебошад, ки он дар мафҳумҳои диёр,
макон, кишвар, сарзамин ва Ватан низ ифода меёбад. Фарзандон аз падару модари
худ тарбия гирифта, муҳити зиндагиашонро меомӯзанд ва онҳоро ҳурмату эҳтиром
мекунанд. Тавре ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд, танҳо шахси
воқеан ҳам ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва
ободии Ватани худро таъмин намояд. Тавассути тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии
миллӣ шаҳрванд бояд арзишмандии миллат, давлати соҳибистиқлол, соҳибватанӣ ва
ҳуқуқу озодиҳои худро дарк кунад ва онҳоро эҳтиром намояд. Донад, ки вазифаҳои
ӯ дар назди давлат, ҷамъият. оила аз чӣ иборат аст ва баҳри иҷрои онҳо ҷидду
ҷаҳд намояд. Донад, ки ибораи «халқи тоҷик» чиро мефаҳмонад, чун фарзанди ҳамин
миллат худро эҳсос кунад ва забони модариро дӯст дорад, бо ин забон сухан гӯяд
ва фикру андеша ронад.
Ваҳдати
миллӣ ё ягонагии миллӣ худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан,
ҳифзи онро вазифаи шахсии худ ва тамоми ҷомеа донистан, дар роҳи татбиқи марому
мақсадҳои миллат саъй кардан аст. Мусаллам аст, ки чунин бояд дар замири ҳар як
сокини мамлакатамон сарфи назар аз мансубияти милливу мазҳабӣ ҷой дошта бошад
ва барои ташаккули ифтихори ватандории онҳо мусоидат намояд. Мо ба ин итминони
комил дорем. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қадамҳои боварибахш сӯйи ояндаи
дурахшон пеш меравад. Миллати мо дар ҳама давру замонҳо фазлу хирад,
озодманишӣ, донишандӯзӣ ва зиндагии поку беолоишро босарбаландӣ пеша карда, чун
кӯҳсоронаш асоратнописанд буда, мисли арча дар дили санг реша давонда, умри
ҷовидон ёфтааст. Байти шоир, ки аз номи халқу миллаташ хитобан гуфта шудааст,
баёнгари ҳамин фикр аст.
Ҷавшани
ман дафтар асту ханҷари ман хома аст,
Ман
намемирам, ба номам ҷовидонӣ нома аст.
Бояд
зикр кард, ки аз замони ба сари қудрат омадани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон дар ҷомеаи тозаистиқлоли тоҷикон шинохти арзишҳои умумимиллии таърихиву
фарҳангӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ,
нангу номуси ватандорӣ густариш ёфт ва дар солҳои минбаъда шахсиятҳои таърихиву
фарҳангӣ ва илмии сарзамини куҳанбунёду тамаддунофари тоҷикон бо ҷашнҳои
пуршукуҳ таҷлил гардида, аҳвол ва рӯзгор, инчунин, осори гаронбаҳои онҳо
мавриди тадқиқу таҳқиқ қарор гирифт. Асри ХХI бо ҳама бурду бохташ барои миллат
ва давлати мо арзиши зиёдеро қоил аст:
1)
Мо соҳиби истиқлоли давлатӣ ва миллӣ гардидем;
2)
Дорои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ва арзишҳои миллӣ шудем;
3)
Ҷанги шаҳрвандии тоҷикон бо имзои Созишномаи умумии барқарории сулҳ ва ризоияти
ҷомеа хотима ёфт, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ собиқа надорад;
4)
Амнияти сартосарии ҷомеа пойдор гардид ва дар натиҷа соҳаҳои иқтисодиёту
иҷтимоиёт рушд ёфтанд.
Ин
дастовардҳои беназир имрӯз обрӯ ва нуфузи мамлакати моро дар арсаи байналмилалӣ
дучанд афзун намуд. Бо иродаи Сарвари давлат дар як муддати кутоҳ харобаҳо ба
ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани
тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва истифода додани чор нақби
бузурге, ки кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшид ва барои
мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ
роҳҳои бузурги нақлиётгард сохта шуданд. Дар марҳилаи нави бунёди давлати
ҷавони Тоҷикистон такдири баланди миллати тоҷик дар симои шахсияти беназири
таърих Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ,
бузургдилию шуҷоат, раҳму шавқат ва кобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард
ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
Ба
андешаи мо, натиҷаи аз ҳама ногувор ва ҳатто хатарноки раванди ҷаҳонишавӣ коҳиш
ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоист, ки
бе онҳо ҳастии ҳақиқии инсон амалан ғайриимкон аст. Ҳамзамон, бо маҷрои
ҷаҳонишавӣ раванди худшиносии пайгиронаи миллату халқҳо, фарҳангу тамаддунҳо ва
кишвару минтақаҳо идома дорад, ки он омили муҳимтарини таҳаввулоти бузурги
ҷаҳонӣ дар оғози асри ХХI гардида, минбаъд низ сабабгори тағйироту дигаргуниҳои
амиқтар шуда метавонад.
Ҳамзамон,
мо, бунёдгарони давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ танҳо бо
фарҳанги ориёии ниёгони худ маҳдуд намешавем, анъанаҳои азмиёнрафтаи он ва дину
оини фаногардидаро низ эҳё кардани нестем. Чунки имрӯз беш аз 98 фоизи мардуми
Тоҷикистон мусулмонанд ва мо расму оин, суннатҳои роҷеъ ба фарҳанги исломии
худро гиромӣ медорем, омӯзиши таърих ва таҷрибаи дар тӯли асрҳо андӯхтаи
миллатамон ба мо барои бунёд кардани давлати пешрафта, тараққихоҳ ва сулҳдӯст,
инчунин таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пеш
аз ҳама, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва баланд бардоштани эҳсоси гарми
ватандориву ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ мисли обу ҳаво зарур аст.
17-уми
январи соли 1999 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми
табрикиашон ба муносибати иди саиди Фитр иброз доштанд, ки истиқлолият дари
худшиносиро ба рӯйи мо кушод, эҳтироми ҳамаи суннату оинҳои муқаддаси аҷдодӣ,
пос доштани қадру қимати давлати миллӣ ва ваҳдати миллиро ба ҳар фарди бедордил
омӯзонд ва фарҳангу маърифати исломӣ барои худшиносии воқеӣ ва ваҳдати миллӣ
кӯмаки беш аз беш хоҳад расонд.
Гузаштагони
мо тавонистанд, ки ба эҳёи миллат ва фарҳанг асос гузоранд, забони модариро чун
гавҳараки чашм, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангиро ҳифз намоянд. Насли имрӯз
ва оянда вазифадор аст, ки анъанаи неки онҳоро идома диҳад.
Пешвои
миллат омезиши арзишҳои ориёӣ бо меъёрҳои маънавии ислом, нақши давлати
Сомониро барои эҳёи фарҳангу тамаддун баён доштанд ва изҳор доштанд, ки
фарҳангу тамаддуни аҳди Сомониён имрӯз на танҳо мероси халқи тоҷик, балки
сарвати халқҳои Осиёи Миёна ва умумибашарӣ ба шумор меравад.
Фарзандони
фарзонаи миллат дар асрҳои гуногуни зиндагиашон то ба имрӯзу оянда дар ҳифзи
асолати миллию фарҳангӣ ва татбиқи ҳуқуқҳои тоҷикон ҷоннисориҳо ва шуҷоату
мардонагиҳо мекунанд. Махсусан, корномаи таърихии устод Садриддин Айнӣ ва
аллома Бобоҷон Ғафуров худ идомаи мантиқии муборизаи ватанпарастонаи фарзандони
шоистаи Оли Сомон ба шумор мераванд.
Имрӯз,
дар ин замони мушкилу сарнавиштсоз, дар дили пойтахти тоҷикон - шаҳри Душанбе
қомат рост кардани муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ аз бузургдошт ва эҳтироми ин
роҳкушои миллати тоҷик дарак медиҳад. Мо ҳаргиз даъвои миллатгароӣ, шовинизми
бузургдавлатӣ надорем, ба арзишҳои миллӣ, мероси таърихӣ ва дастовардҳои
фарҳангии бародарони ҳамзабон ва ҳамсояҳои дуру наздики худ аз рӯйи тамаъ ё
ғарази ноҷо баҳо намедиҳем.
Имрӯз,
ки Тоҷикистони соҳибистиқлол зинаҳои нави ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ ва
маънавию фарҳангиро пушти сар мекунад, дар ин росто, тақвияти худшиносии миллӣ
ва таҳқиқи таърихи ташаккулёбии миллати мо аҳамияти хоса пайдо мекунад. Аз ин
лиҳоз, мо дар хусуси ҳайсияти баромади боз як саҳифаи нави таърихи ташаккулёбии
миллат, раванди худшиносию маниши миллӣ, ҳофизаи таърихию омилҳои
этнофарҳангиро варақгардон кардем, ки он ба ваҳдати кунунӣ ва минбаъдаи миллати
тоҷик мусоидат мекунад. Омӯхтану донистани решаҳои таърихии миллат, аз қабили
оини давлатдорӣ, сохтори таърихии сиёсию иҷтимоӣ, арзишҳои волои ахлоқӣ ва
дастовардҳои маънавӣ, эътиқоду тафаккур, фарҳангу мероси гузашта барои ҳар
фарди бонангу номус қарзи муҳими шаҳрвандӣ ва асолати муқаддаси инсонӣ ба шумор
меравад.
Марҳабо
Қосимова, дотсенти
Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон