Мулоқоти вакил бо интихобкунандагон

2023-09-06

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Хуҷанд 13” Мавсума Муинӣ бо интихобкунандагон дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд вохурӣ доир намуд.

Вакили халқ дар Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар баромадаш аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушду такомули соҳаҳои хоҷагии халқ, кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, афзун намудани ҷойҳои корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани обрӯву нуфузи ҷумҳурии соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маърузаи пурмуҳтаво кард.

Ҳамзамон, аз иштирокчиёни ҷавон даъват ба амал овард, ки бобати истифодаи дурусти сомонаҳои иҷтимоӣ ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд. Зеро, бино ба маълумотҳои расмӣ имрӯз беш аз 4,5 млн. сокинони кишвар ба интернет дастрасӣ дошта, дар ҳолатҳои алоҳида хоса баъзе аз ҷавонон фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи хоинони миллат мешаванд ва ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ мепайванданд.

Мавсума Муинӣ дар идомаи суханрониаш оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ки аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ҳарф зада иброз дошт, ки имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 72 фисад занон фаъолият дошта,  25 фисад ба сифати хизматчии давлатӣ дар вазифаҳои пурмасъул кор мекунанд.

Дар ин радиф мавсуф ба интихобкунандагон аз фаъолияти Маҷлиси вакилон ҳисобот дода баён дошт, ки мақомоти олии қонунбарории мамлакат нисбати таҳкими қонуният дар заминаи ворид намудани тағйироту иловаҳо корҳои зиёде ба анҷом расонида мешавад. Маҳз ин амалҳо буд, ки ба соҳибкорон 120 имтиёзҳо дар пардохтҳои гумрукӣ дода шуд ва онҳо дар навбати худ бо истифода аз ин имтиёзҳо давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 18 ҳазор адад иншоотҳои ҳаётан муҳим сохта ба истифода додаанд.

Дар мулоқот ҳамчунин раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонзода баромад карда, оид ба мақому манзалати ҲХДТ дар ҷомеа, нақши он дар пешбурди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар сухан ронд.