ОЗМУН БАРОИ «РОҒУН». Онро Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои эҷоди беҳтарин асар ё шеър дар васфи ин иншооти бузурги аср эълон менамояд
2023-08-30
Бо ибтикори ректори Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар ҳамкорӣ бо раёсати Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои эҷоди беҳтарин
роман, беҳтарин повест, беҳтарин очерк, достонҳо, рубоӣ, ғазал ва дигар анвои
шеърӣ дар васфи Неругоҳи барқи обии«Роғун» озмун эълон гардид, хабар доданд ба
АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур.
Барои ғолибони озмун мукофоти гуногуни пулӣ
дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, барои
Беҳтарин роман — 25000 сомонӣ
Беҳтарин достон — 20000 сомонӣ
Беҳтарин повест — 15000 сомонӣ
Беҳтарин очерк (эссе) — 10000 сомонӣ
Барои беҳтарин силсилаи рубоӣ, дубайтӣ, ғазал
ва дигар анвои шеърӣ — 10000 сомонӣ мукофот дар назар аст.
Тартиб, талабот ва низомномаи озмун ба таври
мукаммал дар сомонаи донишгоҳ нашр мешавад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл сафари ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба НБО-и «Роғун» доир гардида буд, ки дар заминаи он даҳҳо матолиб бахшида ба ин неругоҳ дар расонаҳои гуногун ба табъ расиданд.