Ба истиқболи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: 32- соли созандагиву бунёдкорӣ

2023-08-29

Воқеан дар замони муосир агар ба таърихи ташаккулёбии давлатдории навини тоҷикон назар афканем, шоҳиди он мешавем, ки роҳи мураккабу пурпечутоб тай карда шудааст. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ 15 давлати аъзои он мустақил шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар таърихи 9 сентябри соли 1991 расман ҷумҳурии мустақил аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон пазируфта шуд. Пас аз соҳибихтиёрӣ тамоми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Шӯравӣ роҳҳои рушду пешрафти кишвари худро муайян намуда, тарҳи миллии давлатдории худро ба вуҷуд оварданд.

Мутаассифона, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навташкил оғози давлатдории навини худро бо муноқишаҳои дохилии худ оғоз намуд, ки ин моҷароҳо ба як кишвари навбунёд таъсири манфии сиёсию иқтисодиро ба бор овард. Комилан системаи идоракунӣ фалаҷ гардида, ниҳоду муассисаҳо аз уҳдаи вазифаи худ намебаромаданд. Аксар муҳаққиқону намояндагони соҳаҳои гуногун назари манфии худро иброз доштанд, зеро вазъ бисёр муташанниҷ буд. Халқи роҳгумзада ниёз ба сарваре дошт, ки онҳоро аз торикии ваҳшатнок берун барорад. Хушбахтона сарваре пайдо шуд, то барои миллати тоҷик роҳбар шавад. Бо зиракиву нотарсӣ ба алангаи оташи ҷанг дарояд.

Дастоварди бунёдии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории тамомияти арзӣ ба ҳисоб меравад. Барои амалӣ намудани сиёсати мазкур барои кишвари тозаистиқлол зарур аст, ки бо давлатҳои ҳамсоя дӯстию бародариро ба роҳ монад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи навини ташаккулёбии муносибати дӯстонаро бо кишварҳои минтақа оғоз намуд. Соли 1992 гарчанде вазъ пурра ба танзим надаромада бошад ҳам, Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя муносибати дипломатии худро барқарор намуд. 2 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи созмони бонуфузи ҷаҳонӣ Созмони милали Муттаҳид гардид. Беш аз 140 кишварҳои мустақили ҷаҳон Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуданд. Дар давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон чандин маротиба дар арсаи байналмилалӣ ташаббусҳои созанда ва қобили аҳсану таҳсинро ба роҳбарӣ гирифт.

Мо ҳамагон шоҳид ҳастем, ки дар сайёра қариб ҳамарӯза аз норасогии оби нӯшокӣ одамони зиёд мемиранд. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид баромад намуда, бо пешниҳоди Президенти мамлакатамон соли 2005-2015 ҳамчун даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” эълон гардид. Инчунин идомаи мантиқии ташаббуси мазкур солҳои 2018-2028 - даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор” мебошад, ки дар ҳамбастагӣ бо дигар ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба об мавқеи хос ва нақши пешбарандаи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об инъикос намуда, Тоҷикистонро аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати пешсаф муаррифӣ намуд. Ташаббуси мазкур аз ҷониби кишварҳои мустақили ҷаҳон қабул ва ҷонибдорӣ карда шуд. Маҳз ҳамин сиёсати муваффақи Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бештари кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохтанд. Ин сиёсати ҳадафмандона ва инсонпарваронаи Ҳукумати кишвар муаррифгари миллати таманддунсози тоҷик ба шумор меравад.

Ҳамин аст, ки дар маҷлиси 77-уми умумии Маҷмааи СММ оид ба «Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қатъномаи қабулшударо ба давлатҳои узви ин ниҳоди байналмилалӣ барои дастгирӣ ёфтанаш хабар дод, ки дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик бо хатҳои заррин навишта хоҳад шуд. Ин пешниҳоди нави Сарвари давлат бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои об ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Аз даврони соҳибистиқлолӣ то ҳол дар ҷумҳурӣ дастовардҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба назар мерасад. Дар ин давра ҳадафҳои муҳими стратегӣ қабул карда шуд. Аз ҷумла, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, ки амалӣ намудани ҳадафҳои номбурда барои Тоҷикистон мисли обу ҳаво зарур буда, дар даврони истиқлолият бо муваффақият иҷро карда шуд. Ба монанди нақбҳоии Истиқлол, Шаҳристон, Хатлон, бунёди роҳи асосии Панҷакент, ки барои фаъолияти бемамоният ва пайваст намудани қисматҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд. Ҳамзамон роҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма таъмиру азнавсозӣ гардида, мушкилии рафту омади мардуми вилоят ва сайёҳон бо маркази ҷумҳурӣ бартараф карда шуд.

Маҳз дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмони бонуфузи минтақавии “Шанхай” гардид, ки мавқеи сиёсии Тоҷикистонро боз ҳам қавитар гардонид.

Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ - ҳадафи мазкур дар давраи соҳибистиқлолӣ қариб пурра иҷро карда шуд. Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки ГЭС- ҳои баландқудрати энергетикӣ сохта шаванд. Яке аз иншоотҳои мазкур ГЭС- и Роғун мебошад, ки аҳамияти бузурги стратегӣ дорад. 

Вобаста ба рушду инкишоф барои тақвияти вазъи иқтисодӣ ҳадафи чоруми стратегӣ қабул карда шуд, ки саноатикунонии босуръат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумҳурии аграрӣ ба агросаноатӣ гузариш намуд. Ин аз амалишавии ҳадафи чорум дарак медиҳад. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои калони саноатӣ ба монанди заводи сементбарорӣ, обҳои нушокӣ ва фабрикаи қолинбарорӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки маҳз дастоварди истиқлолият мебошад.

Агар сухан дар бораи дастовардҳои истиқлолият, ки дар тули 32 сол хулосагирӣ намоем, шоҳиди он мешавем, ки маҳз истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз кишвари ҷангдида ба яке аз кишварҳои тараққикардаи минтақа мубаддал гардонид. Ин ҳама дастовардҳо маҳсули сиёсати дуруст ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Моро зарур аст, ки дар раванди бисёр муҳими давлатсозӣ зери сиёсати бомароми Пешвои миллат фаъолият намуда, саҳми арзандаву созандаи хешро гузошта, ба қадри ин обу хоку сарзамини куҳанбунёди аҷдодӣ расида, Ватанро боз ҳам ободтару зеботар барои насли оянда боқӣ гузорем. Зеро истиқлолият неъмати бебаҳо ва пурқиммат барои миллати тоҷик мебошад.

Гадоев Абдурасул,

мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии

Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ