Ватандустӣ – рисолат аст

2023-08-29

Дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз, бунёди давлати миллӣ, эҳёи суннатҳои волои давлатдорӣ, шинохти рисолати таърихи имрузаву гузаштаи хеш ва тарғиби ғояҳои ватандустӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» барои ҳар як фарди огоҳу равшанзамир ҳуҷҷати роҳнамо аст.

Ватандустӣ дар раванди ташаккулёбии давлатдории миллӣ ва амалияи сиёсӣ ҷойгоҳи махсус ишғол намуда, дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ нақши муассир дорад. 

Аз ин ҷост, ки ғояи ватандӯстӣ ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ, пеш ҳама ба шуури сиёсии шаҳрвандони мамлакат таъсиргузор буда, ҳамеша дар зеҳни онҳо ифодаи олии ватандорӣ ва ҳифзи онро тараннум менамояд.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар шароити муташанниҷи авзои ҷаҳонӣ, масъалаҳои ҷаҳонишавӣ, мавҷудияти хатарҳо ва таҳдидҳои замони муосир, эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлатӣ, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он иқдоми муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Қабули қонун хусусан дар шароити мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таассуб, бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозои замон ва вусъати саривақтии корҳо оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар чаҳорчӯби танзими ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад.

Мусаллам аст, ки аз рузҳои ба даст овардани истиқлолияти комили давлатӣ масъалаи ташаккули ғояҳои ватандӯстӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди аввал қарор дошт.

Мафҳуми Ватан аз бомгӯшаи ҳар як шаҳрванди мо то тамоми хоки Тоҷикистонро фаро мегирад.

Барҳақ, ватанпарвару миллатдӯсти асил касе буда метавонад, ки дар ҳама ҷо ва ҳамеша эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ дорад, ба арзишҳои маънавии миллат арҷ мегузорад ба гузаштаи пурифтихори хеш такя карда, аз панду андарзи ниёгон сабақ мегирад, ватанхоҳӣ мояи зиндагиаш буда, дар ҳар кунҷу канори даҳр сано бар миллату ватани хеш мегӯяд, истиқлолияти Ватанро бузургтарин дастоварди зиндагии хеш шумурда, барои пойдорӣ ва мустаҳкамии пояҳои давлатдории миллӣ хизмати содиқонаро пеша мекунад, дар тарбияи ватандӯстии мардум алалхусус насли ҷавон саҳм гузошта, ин қишри ояндасози ҷомеъаро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ташвиқу тарғиб раҳнамун месозад, нисбати тақдиру сарнавишти миллату ватани хеш бетафовут набуда, дастовардҳои беназири Ватанро дастоварди худ дониста, агар «хоре аз ватан хазон гардад» баҳраш чораи даво меҷуяд, зеро бузургтар аз Ватандорӣ ва соҳибватанӣ барои сарфарозии инсонҳо неъмате арзишмандтар буда наметавонад. Ҳақиқати таърихӣ, бебаҳс ва ҷовидон аст, ки пешоҳангони роҳи саодату садоқат ва тақдирсоз дар садаҳои охир ва давлатдории навини тоҷикон фарзандони фарзонаи миллат, Қаҳрамонони барҳақи Тоҷикистон: Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур Эмомалӣ Раҳмон, мебошанд, ки кору пайкори онҳо барои бақои миллат ва давлати тоҷикон бориз буда, исмашон дар саҳафоти рангини миллат бо хатҳои заррин сабт гардидааст.

Бе сабаб нест, ки арзишҳои волои ватандорӣ ҳанӯз аз даврои ориёҳо зуҳур карда, дар китобҳои «Маҳабҳарата» ва «Авесто» тавсифу ситоиш шудаанд. Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муаяйни ҷуғрофӣ набуда, он пайванди ногусастании наслҳои дирузу имрӯзу, фардо, муҳофизати истиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки аҷдодон, ҳифз ва гиромидошти мероси таърихиву фарҳангӣ ва саъю талоши доимӣ ба хотири пешрафти давлату миллат ва шукуфоии ватани аҷдоди аст. Тоҷикистонии соҳибистиқлол имрӯз ба мулки шаҳриёрони сарафроз, донишмандону бузургони равшанзамир, ҷавонмардони хештаншиносу ватандӯст табдил ёфтааст.

Бо шарофати пуштибонии самимона ва заҳмати софдилонаи мардуми кишвар ба Ҳукумати мамлакат муяссар шуд, ки аз оғози қарни нав дар доираи барномаву стратегияҳои милливу соҳавӣ доир ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Дар навбати худ омили аз ҳама муҳим - таҳкими худшиносии миллӣ аз мадди назар дур намонд. Аз ин рӯ, қайд намудан ҷоиз аст, ки марҳилаи муосири рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ тавъам бо нақши истиқлолияти миллӣ дар шароити сохтмони ҷамъияти демократӣ мебошад. Имрӯз ташаккули нигоҳи ҷадиди сиёсӣ дар руҳияи истиқлолияти миллӣ, бунёди ҷомеаи инсонпарвар, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ - яке аз вазифаҳои асосӣ буда, дар раванди рушди давлатдории тоҷикон яке аз ҳадафҳои асосӣ масъалаи ҳифз ва таҳким бахшидани давлатдории миллӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, густариши фарҳанги сулҳ ва решадор сохтани ваҳдату ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди нодиртарини мардуми Тоҷикистон мебошад.

Гироиш ба маънавиёт, рағбат ба таҳсил ва илм, кушиши соҳиб гардидан ба касбу ҳунар ва пешаи арзандае, ки инсониятро ба сӯи шоҳроҳи саодати азалӣ роҳнамун месозад, дар замири ҳар фарди соҳибақлу солимфикри ҷомеаи мутамаддин дар ҳама давру замонҳо новобаста ба вазъи сиёсию иҷтимоии ҷомеаи инсонӣ вуҷуд дошта, омили асосии таҳрику рушди бани башар гардидааст. 

Моро зарур аст, ки дар доираи хонаводагӣ, коллективҳои меҳнатӣ аз моҳият ва рисолати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” огоҳ бошем, дар татбиқи он бетарафӣ зоҳир нанамоем ва ҳамеша онро миёни ҷомеъа талқин намоем, зеро қонуни мазкур ба ҳар яки мо моҳияти аслии Ватан ва ватандӯстиро шарҳ медиҳад.

Дар моддаи 1-и қонуни мазкур мафҳуми “Ватан” ва “ватандӯстӣ” чунин шарҳ дода шудааст: “Ватан - Тоҷикистон, давлати азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд; - ватандӯстӣ - муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан ва ба манфиати онҳо содиқона хизмат кардан”.

Натиҷаи амалӣ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” пояҳои давлатдории навини тоҷиконро мустаҳкам менамояд, ба устувории истиқлолу ваҳдати миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад, чун имруз амнияту суботи сартосарӣ устувор мемонад, ҳадафҳои стратегии мамлакат, ки ба рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеъа равона карда шудааст, марҳила ба марҳила амалӣ карда шуда зиндагии мардум беҳтар ва Тоҷикистон дар қатори давлатҳои пешрафта ҷойгоҳи хосаро сазовор мегардад.

Таърихи башарият гувоҳи медиҳад, ки тоҷикон аз азал ватандӯст буданд ва дар ҳама ҳолат барои ҳифзи амнияту сулҳу осоиштагии Ватанро гиромӣ дошта, бо пайравӣ аз гузаштаҳои худ асолати таърихии хешро зинда нигоҳ медоранд ва ба наслҳои оянда мероси арзишманд боқӣ мемонанд.  

То ки ҳастам ба ҷаҳон зинда ба паймони туам, Нафасам, набзи дилам, рӯҳу равонам, Ватанам

Ширинбеков Садриддин Авазбекович,

мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти

Дастгоҳи КИМ ҲХДТ