Таҳкими Истиқлоли давлатӣ- ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон

2023-08-29

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ба истиқболи сазовори 32 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар, тараққии соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, бо иштироки васеи раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, омӯзгорон, вакилон ва сокинони қишри ҷомеа, Конференсияи ҳизбӣ таҳти унвони “Таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдат ва ягонаии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар Конфересияи мазкур Ватанзода С., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, Мамадализода Г., муовини раиси ноҳияи Вахш, Негматзода А., вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва Мирзоев С., вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш зимни суҳбат зикр намуд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Маҳз дар ҳамин раванди ҷомеасозӣ, бо ибтикори Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон мо бо роҳандозии мувафаққонаи истифодаи зарфияти давлати миллӣ таъмини истиқлолияти сиёсии мамлакат амалӣ гардид.

Дар идомаи Конференсия баромадкунандагон изҳор намуданд, ки дастовардҳои бузурге, ки имрӯз Тоҷикистон ба онҳо бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ноил шудааст, воқеан ҳам барои баланд бардоштани сатҳи худшиносию ифтихори миллӣ ва ваҳдати мардуми он нақши бузург доранд ва маҳз Истиқлолияти давлатӣ, ки имсол 32- солагии онро ботантана таҷлил хоҳем кард, ба мо имкон фароҳам сохт, то замина ва такягоҳи асосии рушди босуботи Тоҷикистон, зиндагии шоиста, ҳамдилӣ ва ваҳдати миллиро дар ҷомеаи Тоҷикистон боз ҳам бештар тақвият диҳем.