Ҳамватанони азиз, марҳамат ба аксияи вилоятии ҳизбиён “Сипос ба ту, омӯзгор!”

2023-08-29

Ба тавваҷҷуҳи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон расонида мешавад, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи дониш ва бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва боло бурдани қадру манзалати омӯзгор санаи 1 сентябри соли равон дар қаламрави вилояти Суғд аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Сипос ба ту, омӯзгор!” гузаронида мешавад.

Дар доираи аксия фаъолони ҲХДТ дар вилояти Суғд ба дидорбинии омӯзгоронашон мераванд ва онҳоро бо Рӯзи дониш табрик менамоянд.

Аз ин рӯ, аз ҳамаи хоҳишмандонро ба аксияи мазкур даъват менамоем.

Хоҳишмандон метавонанд аксҳо ё наворҳои дар доираи аксия бо омӯзгоронашон гирифтаро ба почтаи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд hhdt-sugd-ittiloot@mail.ru ирсол намоянд.

Аз натиҷаи аксия видеороликҳои беҳтарин омода хоҳад шуд.

Ҳамватанони азиз, марҳамат ба аксияи вилоятии ҳизбиён “Сипос ба ту, омӯзгор!”

https://fb.watch/mJaMWpb1bo/