Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид

2022-03-15

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллӣ, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар оғози иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ қарорҳои дахлдорро оид ба тасдиқи тартиби кор, интихоби Котибот ва рӯзномаи иҷлосия иборат аз 23 масъала қабул намуданд. Дар рафти муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи нуҳум раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия ва оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳои соҳавиро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз доштанд. Зимни баррасии рӯзномаи иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» ва «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ»-ро мавриди муҳокима қарор дода, якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Инчунин, аъзои Маҷлиси миллӣ дар атрофи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузории амалкунандаи кишвар, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз пардохти баъзе намудҳои андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шудани воридоти воситаҳои нақлиёти танҳо бо муҳаррики барқӣ ҳаракаткунанда, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳоро муқаррар менамояд, мубодилаи афкор намуда, онҳоро ҷонибдорӣ карданд. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои Маҷлиси миллӣ «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳринав» ва «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Лахш» баррасӣ ва қабул гардид. Ҳамчунин дар иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллӣ ҳисоботи Прокурори генералӣ «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021» шунида шуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо таваҷҷуҳ ба пурзӯр кардани назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, инчунин таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор дастуру супоришҳо доданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дахлнопазирии ҷинсӣ тақвият дода шуда, ҷиҳати ошкор ва пешгирии ҳолатҳои ҷалб ва иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва дигар ташкилоту ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муқовиматҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар давлатҳо ва таъмини амнияти фазои иттилоотии кишвар тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Бо дарназардошти пайомадҳои ногувори авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон дастур дода шуд, ки якҷо бо мақомоти марбута барои гирифтани пеши роҳи баландшавии беасоси қурби асъори хориҷӣ ва афзоиши сунъии нархҳо дар бозори истеъмолӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гарданд. Бо ҳамин, иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.