Баррасии корҳои омодагӣ бахшида ба 30-солагии ҲХДТ ва масоили дохилиҳизбӣ дар маҷлиси назоратӣ
2023-06-12
Дар маҷлисгоҳи Маркази
миллии патенту иттилоот, маҷлиси назоратии назди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
шаҳри Душанбе оид ба омодагиҳо ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии
таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовинони раиси
кумита, раисони сохторҳои ҳизб дар ноҳияҳои пойтахт, кормандони ҳизбии шаҳри
Душанбе ва ноҳияҳои он ширкат намуданд. Ҷаласаро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри
Душанбе Иброҳим Мирзозода оғоз намуд.
Сипас,
гузориши муовини раиси кумита Ҷурабек Муродов оид ба фаъолияти сохторҳои ҳизб
дар шаҳри Душанбе дар панҷмоҳаи соли ҷорӣ шунида шуд.
Дар
гузориш масъалаҳои корҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла танзими ҳаракати аъзои ҳизб,
супоридани саривақтии аъзоҳаққӣ аз ҷониби кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ, риояи
ҳатмии Оиннома ва низомномаҳои ҳизб, татбиқи бандҳои Одобномаи корманди ҳизб,
таъсиси ташкилотҳои нави ҲХДТ ва ба ин васила зиёд намудани сафи аъзо аз ҳисоби
шахсони арзанда, корбарӣ намудан бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳои аз ҳудуди
ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба шаҳри Душанбе гузаштаанд, саривақт ҷавоб гардонидан ба
барқияҳои сохторҳои болоии ҳизб, ворид намудани аъзо ба махзани ягонаи
электронии аъзои ҳизб, ҷоннок намудани кор дар самти ташкили ташкилотҳои ҳизбӣ
дар ҳудуди маҳаллаҳои пойтахт ва дигар масъалаҳои корӣ мавриди баррасӣ қарор
гирифтанд.
Дар
кори маҷлис раиси кумита оид ба масъалаҳои матраҳшуда фикру мулоҳизаҳои худро
баён карда, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта
маслиҳатҳои муфид дод.
Ҳамзамон,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода иброз дошт, ки
ҷаласаи мазкур дар ҳошияи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҲХДТ, ки 1-уми
июн зимни маҷлиси Ситоди ҷумҳуриявии “Ҷашни 30–солагии Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон” аз ҷониби муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Азизӣ Абдуҷаббор дода шуда буданд, баргузор гардид ва ҳадафи он дар амал татбиқ
намудани қарори маҷлиси Раёсати КИМ ҲХДТ Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил
намудани “Ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25
майи соли ҷорӣ ба тасвиб расидааст, мебошад.
Дар
ин замина, раиси Кумита таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҷашни 30-солагии Рӯзи таъсисёбии
ҲХДТ, ки соли оянда таҷлил карда мешавад, ҷалб намуда, аз онҳо тақозо кард, ки
нақша чорабиниҳои худро вобаста ба он таҳия намоянд ва барои дар сатҳи баланди
ташкилию сиёсӣ баргузор гардидани он саҳмгузор бошанд.
Дар
идома, мавсуф таъкид кард, ки тибқи қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи
Марказии ҳизб аз 25 майи соли 2023 маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар кумитаю
ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар моҳҳои июн-сентябр
ба нақша гирифта шудаанд, ки масъулинро мебояд дар ин самт тадбирҳои зарурӣ
андешанд.