ВАО минбари таблиғот ва инъикоскунандаи фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ
2023-06-08
Таҳти чунин унвон
омӯзиши навбатии идоравӣ барои кормандони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва
ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо иштироки Исмоилзода
Зинатуллоҳ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид.
Муовини Раиси Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иброз
намуданд, ки сомонаҳои хабарӣ имрӯз василаи муҳими иттилоотрасонӣ ва таъсир ба
афкори мардум маҳсуб ёфта, маҳз қудрати сухан ва қалам ғояи маърифатии ҷомеаро
поягузор аст. Баҳри таблиғи идеологияи созанда ва бунёдкорона, ҳизбиёнро лозим
ҳаст, ки ҳар чӣ бештар аз усулҳои хабаррасонӣ ва таъсир ба афкори омма огоҳӣ
дошта бошанд. Донишу саҳеҳ
ва ҷаҳонбинии васеъ имкон медиҳад, ки дар набардҳои иттилоотии сомонаҳои хабарӣ
ҳамеша дастболо бошем.
Исмоилзода
Зинатуллоҳ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар суханронии худ масъалаи
дарёфти иттилоот, далелу маълумот дар бораи хосиятҳо, сохтор ва алоқамандии
байни объектҳо ё рӯйдодҳоро аз ҷиҳати назариявӣ тавзеъ дода, хусусиятҳои
саҳеҳӣ, мукаммалӣ, муҳимӣ, рӯзмаррагӣ, возеҳӣ, аниқӣ, дастрасӣ, кӯтоҳиро хоси хабаррасонӣ
номид.
Дар
идома иброз дошт, ки матбуоти даврӣ дар ҳама дасвру замон воситаи муъмултарини
хабаррасонӣ ба ҳисоб рафта, василаи тарбияи ҷомеа пазируфта мешуд. Матбуот
рисолати худро бобати расонидани иттилооти воқеӣ, ташаккули афкори созанда,
тарбияи насли солиму хештаншинос бо муваффақият адо намуда, дар таҳкими ҷомеаи
мутамаддин ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳми амиқ ва шоиста гузошта
истодааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки матбуоти тоҷик дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои
маънавии миллиамон - забон, адабиёт, оину фарҳанг ташаккул ва рушд ёфта, ҳатто
дар нигоҳдории ин арзишҳои миллӣ саҳми бориз дорад.
Мавсуф
таъкид намуд, ки муҳимтарин ҷузъи хабар акси босифат ва бозгукунандаи муҳтавои
ҳодисаву воқеа ба шумор рафта, суратгирро лозим ҳаст, ки ҳангоми гирифтани акс
лаҳзаҳои хотирмони атрофро дар кадр ҷойгир намояд.
Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон, дар фаъолияти гуногунҷанбаи худ, аз усулҳои
мубрами рӯзномагигорӣ васеъ истифода бурда, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру
ноҳияҳои ҷумҳурӣ тавассути сомонаҳои ҳизбӣ, саҳифаҳои фейсбукӣ ва рӯзномаву
нашрияҳои ҳизб бо истифодаи жанрҳои журналистика муҳимтарин иттилоотро инъикос
ва нашр менамояд. Рисолати ғоявии ҳизб барои ташаккули маънавӣ ва инкишофи
маърифату идроки аъзои он тавассути воситаҳои ахбори омма пайваста амалӣ
мегардад.