Ташабуссҳои Пешвои муаззами миллат

2023-06-02

Дар шароити кунунӣ ва бо назардошти таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, бахусус пиряхҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии навбатии худ дар Иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ аз зарурати эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бори нахуст дар ҷаласаи нахустини сатҳи баланди гурӯҳи муассисони Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардида буд, ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки ташаббуси мазкур барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масоили обу иқлим ва обшавии пиряхҳо мусоидат хоҳад кард. Ба андешаи коршиносони соҳа, пешниҳоди ташаббуси навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Хостем дар ин ҷо намунае аз як гӯшаи саршори обҳои поку беғаш ва тозаеро аз Тоҷикистони соҳибиқбол меорем, ки он ҳам дар мисоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маҳсуб ёфта, ки он иқлими ба худ хосро дорост ва манбаи оби тоза мебошад. Яке аз номвартарин манобеи обӣ дар Бадахшон ин пиряхи Федченко мебошад, ки калонтарин пиряхи Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, дар ВМКБ ҷойгир аст. Дарозии он 77 км, паҳноиаш аз 1700 то 3100 метрро дар бар гирифта, аз нишебии шимоли қаторкӯҳҳои Язгулом ибтидо меёбад. Пирях шохаҳои зиёд дорад. Нуқтаи баландтарини пирях 4200 метр муайян шудааст. Қисми миёнаи пирях дар як шабонарӯз бо суръати 70 — 75 см ҳаракат мекунад. Аз зери пирях дарёи Селдара ҷорист. Ҷоришавии оби он дар фасли тобистон ба 300 м_3 сония мерасад. Умуман, ВМКБ дорои пиряхҳои аст, ки аз онҳо дарёҳҳои тозаи мусаффо ҷорӣ мегарданд. Ин гӯшаи саршори обҳои зулол дорои 18 кӯлҳои гуногун мебошад, аммо кӯли чуқуртаринаш Сарез астэ

Он дар натиҷаи зилзилаи шадид (7-9 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер) пайдо шудааст. Кӯли Сарез солҳои тӯлонӣ мешавад, ки таваҷҷуҳи тадқиқотчиён, олимон, адибон ва сайёҳони дунёро ба худ ҷалб намудааст. Он қариб 60 км дарозӣ дорад, умқи максималии он то ба 505 метр расида, ҳаҷми оби ҷамъшудааш 17км мукаабро ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки Бадахшони дорои захираҳои зиёди обҳои тоза ва чашмаҳои шифоӣ буда, истифодаи оқилонаи онҳо аз фоида холӣ нест.

Дар ҳудуди вилоят 72 манбаи обҳои гарм ва минералӣ мавҷуданд, ки на ҳамаи онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Аз 72 манбаи оби гарм ва минералӣ 13 ададашонро дар соҳаи агросаноатӣ истифода бурдан мумкин аст. Дар таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ саҳми "Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон" назаррас аст. Тӯли даҳ соли охир дар ҳудуди вилоят дар масофаи 1450 км қубурҳои обгузар васл гардиданд. Бо истифода аз таҷрибаи олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир айни ҳол дар мавзеи Ҷелондеҳ дар шароити гармхонаҳо парвариши сабзавотро ба роҳ мондаанд.

Дар ҳақиқат ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат наҷотбахш ва кушояндаи гиреҳҳои глобалианд.

Зиҳи Пешвои муаззами миллат!

Муродзода Мастона,

мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент