Ватандӯстӣ муҳимтарин омили рушд аст

2023-06-02

Дар доираи амалӣ намудани нақшачорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва пешгирии фарҳанги бегона, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 бо сокинон ва ҷавонони фаъоли маҳаллаҳои Мирзо Турсунзода ва Сари Осиёи ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Қурбонзода Убайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Давлатзода Зубайдулло сардори раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Убайдова Зулфия, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Қармишов Парвиз, директори муассиса ва сокинон иштирок намуданд.

Нахуст, Қурбонзода Убайдулло қайд намуд, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам баланд намудани савияи дониши хонандагон тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар робита ба ин, ба хотири фаро гирифтани ҷавонон ба азхудкунии дониш ва технологияи муосир ҳаргуна озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳамаи моро зарур аст, ки фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем. Дар баробари ин ҳама шароити мусоид, мутаасифона баъзе аз ҷавонони ноогоҳ аз ноэҳтиётӣ ва нофаҳмӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пайваст мегарданд. Дар чунин шароити басо мураккабу печида моро зарур аст, ки ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, онҳоро дар руҳияи созандагӣ тарбият ва ҳидоят созем.

Сипас Давлатзода Зубайдулло вобаста ба масъалаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарои хусусияти экстремистӣ дошта ва пешгирии фарҳанги бегона суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ватандӯсту меҳандӯст бошем зеро, ки мазмуни аслии ватандӯстӣ меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Бояд гуфт, ки худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифаи ҷонӣ мебошад.