Ситоди ҷумҳуриявии “Ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” таъсис ёфт

2023-06-01

Дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор маҷлиси ситод доир гардид.

Дар маҷлиси Ситоди ҷумҳуриявии “Ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” қарори Раёсат Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 25 майи соли ҷорӣ ба тавсиб расидааст, баррасӣ гардид.

Дар асоси қарори мазкур, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ муваззаф мегарданд, ки барои ба таври шоиста ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ бо омодагии ҳамаҷониба дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти ҳизб фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи самараноки барномаҳои қабулгардида ва амалӣ намудани ғояҳои созандаи ҳизб дар ҷомеа равона созанд. Ҳамзамон, фаъолияти таблиғотию ташвиқотии худро дар арафаи таҷлили ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба дастовардҳои мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ вусъат бахшида, баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 - солагии ҲХДТ тадбирҳои судманд андешида, дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо иштироки аъзои фаъол ва ҷонибдорони ҳизб маҷмўи чорабиниҳоро дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор намоянд.

Дар асоси қарори мазкур, ҳайати Ситоди ҷумҳуриявӣ ва нақшаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

Дар ин радиф, нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ”, нашрияҳои кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сомонаҳои ҲХДТ вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб, дастовардҳои бунёдкоронаи он дар давоми 30 сол чораҳои муассир андешида, оид ба таърихи он бо собиқадорон ва фаъолони ҳизб сӯҳбату мусоҳибаҳо анҷом диҳанд.

Инчунин, Шўрои Марказӣ ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамоҳангӣ бо Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва кумитаҳои иҷроия дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ бояд барои ба таври шоиста истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии ҲХДТ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Тазаккур дода шуд, фаъолияти самарабахши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти таҳаввулот ва навсозии ҷомеа роҳандозӣ гардида дар давоми сӣ сол тақвияту густариш ёфт. Дар ин марҳила ҲХДТ ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кўшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст. Имрўз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамоянд.

Дар ҷаласаи Ситод зимни музокира, Давлатзода Давлаталӣ, Муовини раиси Шўрои собиқадорони ҲХДТ, аъзои Ситод, зикр намуд, ки барои таблиғи ғояҳои созандаи ҳизби бунёдкор миёни ҷавонон пайваста корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ гардида, баҳри тарбияи ватандустиву шинохти арзишҳои миллии онҳо корбарӣ карда шавад.

Саид Нуридин, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ситод иброз дошт, ки баҳри тақвияти корҳои идеологӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, баргузории мулоқоту вохўрӣ, маҳфилу мубоҳиса, соатҳои сиёсӣ ва конфренсияву ҳамоишҳо, мизҳои мудаввар ба роҳ монда шуда, инъикоси пайвастаи ҷараёни корҳои идеологӣ тавассути тамоми воситаҳои ахбори омма роҳандозӣ карда шавад.

Дар идома, Ғаффурзода Абдухалил-Ректори академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ситод тазаккур дод, ки барои амалӣ намудани ормону ҳадафҳои ҳизби мардумӣ ва нақшаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи милли Тоҷикистон пайваста корбарӣ хоҳанд намуд.

Дар охир тазаккур дода шуд, ки қарори мазкур ба тамоми Кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастрас гардида, ҷаласаҳои Ситоди ҷумҳуриявии “Ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ҳар семоҳа барои натиҷагирӣ аз рафти иҷрои нақшаи он, доир мегарданд.