Таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳофизати кудакондар шаҳри Хуҷанд
2023-06-01
Бо ибтикори Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили
Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон,
сайру саёҳат дар мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд ва Қасри Арбоб барои кӯдакони
ятими кул, нимятим, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва тарбиятгирандагони
Муассисаи давлатии «Маркази солимгардонии норасоӣ ва ҳифзи кӯдакон»-и шаҳри
Хуҷанд ташкил гардида, барои онҳо дар қаҳвахонаи «Боғи Ирам”-и шаҳри Хуҷанд
дастархони идона ва чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур
муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар видояти
Суғд Фирдавс Салимов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва
раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров иштирок намуда,
кӯдаконро бо идашон табрику муборакбод карда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим
намуданд.
Меҳмонони чорабинӣ
зимни баромади худ қайд намуданд, ки воқеан, кӯдакону наврасон сарвати асосии
ҳар як халқу миллат маҳсуб ёфта, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ
ва барқарорсозии саломатии онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор
дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дар яке аз баромадҳояшон таъкид намуданд: “Агар мо хоҳем, ки ҳамқадами замон
бошем, бояд кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву
ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намуда, онҳоро бештар ба
донишандӯзӣ роҳнамоӣ намоем. Зеро ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва
миллати мо дар дасти онҳост.”
Бояд гуфт, ки ин
иқдомро ҳизбиён барои кӯдакони ятим ва кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд дар ҳар иду
ҷашнвораҳо роҳандозӣ намуда, аз шароити зиндагӣ ва вазъи таҳсили хониши онҳо
бохабар гардида, кӯмаки худро ҳамеша мерасонанд.
Дар баргузории чорабинии
мазкур роҳбари қаҳвахонаи мазкур Равзабону Негматуллоева ва дигар фаъолони ҳизб
саҳми муносиб гузоштанд.
Боиси тазаккур аст, ки
бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу
ҳимояи оила, кӯдак ва волидайн дар меҳвари давлатдории навини тоҷикон қарор
дошта, рукни муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
Пешвои миллат, Раиси
муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи
мулоқоту сӯҳбатҳои худ аҳли ҷомеаро
ба анҷоми амалҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла
кӯдакону наврасони ятиму бепарастор даъват намуда, дар ин радиф барои таъмини
ҳифзи иҷтимоии онҳо пайваста иқдоми хайрхоҳона зоҳир менамоянд. Аз ин рў, дар
кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кўдакон ҳамчун ояндаи Тоҷикистони азиз ба
ғамхорию парасторӣ фаро гирифта шуда, махсусан ба кўдакони ятиму бепарастор
таваҷҷуҳи хоса бештар зоҳир мегардад.