Чорабинии фарҳангию фароғатӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон”

2023-06-01

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Муродов Маҳмудҷон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино Зувайдуллозода Муҳибулло Ҳабибулло дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб чорабинии фарҳангию фароғатӣ миёни хонандагони муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии “Мактаб – интернати №3” - шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси ҲХДТ, Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода Заррина Файзулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Муродов Маҳмудҷон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Зувайдуллозода Муҳибулло, вакили Маҷлиси вакилони хақи ноҳияи Сино иштирок намуданд.

Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси ҲХДТ сухани табрикотӣ намуда, аз ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуданд. Мавсуф зикр доштанд, ки ҷаҳони муосир аз мо тарбияи инсони комил, мусаллаҳ бо донишҳои навин ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёдро тақозо менамояд.

Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти кӯдакон, наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд. Дар ҷавоби ҳамаи ин ғамхориҳо, насли навраси имрӯза бояд аз ин сулҳу субот ва неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ сипосгузорӣ намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба таҳсил ва омӯхтани илму ҳунар ва фарҳанги муосир равона намуда, дар таҳкими истиқлолияти комили кишвар, рушди босубот ва шукуфоии Тоҷикистони азизамон нақши арзанда мегузоранд.

Инчунин, аз ҷониби санъаткорони Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лухтак” баҳри болидахотирии хонандагон барномаи театрикунонидашуда намоиш дода шуд. Дар баробари ин, аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияи Сино” барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод гардид. Дар анҷоми чорабинӣ ба хонандагони муассисаи мазкур туҳфаҳо тақдим карда шуд.