Маориф соҳаи афзалиятноки ҷомеа

2023-05-31

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Файзбахш” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №141, мулоқот доир гардид.

Зимни баромад зикр гардид, ки соҳаи маориф таҳкурсии асосии давлат ва ҷамъият ба шумор рафта, суннатҳои миллиро пойдор нигоҳ медорад ва беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароиро ташаккул медиҳад ва дар ҳама давру замонҳо илму маориф шахсро бо додани одобу ахлоқ ба қуллаҳои баланди илму маърифат расонида, нақши муассири худро дар ҳаёти ҷомеа ва давлат мегузорад.

Ташкилоти ибтидоии мазкур низ яке аз муассисаҳои намунавии шаҳри Ваҳдат ба шумор рафта, ба наздикӣ бо маблағгузории ташкилотҳои хориҷӣ таъмиру тармим шуд. Бо таҷҳизоти гуногуни хониш ва техникаю технологияи ҳозиразамон таъмин буда, шароитҳои таълиму тадрис беҳтару хубтар гардидааст. Хонандагони ин муассиса пайваста дар олимпиадаю озмунҳои гуногун ҷойҳои намоёну ифтихориро соҳиб мегарданд.

Дар рафти суҳбат кормандони ҳизб ба омӯзгорон тавсия доданд, ки дар давраи таътили тобистона аз фаъолияту шуғл ва омӯзишу меҳнати фоиданоки хонандагон бехабар намонанд. Масъалаи идомаи таҳсили духтарон дар мактабҳои миёнаи махсусу олӣ низ мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар анҷоми суҳбат ба 21 нафар аъзои нави ташкилоти ибтидоӣ  шаҳодат-номаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Ба омӯзгорону хонандагон барои бо баҳои хубу аъло  супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва аз синф ба синфгузарию хатмкунӣ ва дохилшавӣ комёбию барор ва дар давраи таътил истироҳати бофароғат таманно намуданд.

Дар анҷом тазаккур дода шуд, ки маориф ибтидо ва дурнамои ҷомеа буда, пояи адаби инсонӣ аз он маншаъ мегирад.  Зеро мактаб наврустаеро чун ниҳоли пурмева ба воя расонида, соҳибхирад мегардонад ва адабро бо дониш ҳамоҳанг сохта, пояи илму маърифат, сиришти маънавию фитрӣ ва ҳувияти милливу таърихии миллат устувор мегардонад. Ба ибораи дигар, агар чароғи равшанидиҳандаи оила падару модар бошад, дурахши нури илму зиё бар дӯши маориф аст. 

 

Хабарҳои охирин