Ташаббусҳои беназири Пешвои миллат– наҷотбахши сайёра
2023-05-31
Дар ташкилоти ибтидоии
ҳизбии "Беморхонаи марказӣ"-и
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, хониши
сиёсӣ дар мавзӯи "Ташаббусҳои беназири Пешвои миллат–
наҷотбахши сайёра” доир гардид.
Шарҳи пурраи ташаббуси
навбатии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳоро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Мурод Шукурзода бо андешаҳои оливу наҷиб таҳлил намуда,
қабули ин пешниҳоди ҷаҳониро аз тарафи Созмонҳои байналмилалӣ дастоварди навини
Тоҷикистон ва ифтихори ҳар як сокини мамлакат номид.
Қайд гардид, ки иқдоми
навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии
Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Бояд ёдовар шуд,ки ҳанӯз моҳи
марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни эътилофи обу иқлим Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда
буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз
афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад метавонад ба оқибатҳои манфи
оварда расонад.
Иштирокчиёни дарси
хониши сиёсӣ ташаббуси навбатии Пешвои миллатро дастоварди таърихии кишвар
номида, қайд карданд, ки мояи ифтихор ва боиси сарфарозии ҳамаи мост, ки
панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси
сайёра амалӣ хоҳад шуд. Чунонки мушоҳида мешавад имрӯзҳо дар ҷомеаи илмиву
ҷамъиятии кишвари мо дар ҳавои ташаббусҳои Пешвои миллатамон ва қатъномаи
қабулгардида як ҳавои ҳамраъйи ва амалиёти мушаххас дар ҷодаи амалисозии
барномаҳои нав омӯзиш ва амалҳои мушаххас барои ҳифзи пиряхҳо роҳандозӣ карда
шудааст.
Мурод Шукурзода ҳамаи
иштирокчиёнро ёдовар намуд, ки имрӯз авзои печидаи ҷаҳон, ҷанги тамаддунҳо,
бозиҳои сиёсӣ моро ҳушдор
медиҳад, ки барои ҳимояи арзишҳои милливу давлатӣ,
пос доштани фарҳанги куҳанбунёди меҳан, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ,
расидан ба қадри Истиқлолияти сартосарии Тоҷикистони соҳибистиқлол кушиш намоем.
Дар анҷом ба 21 нафар
табибони ҷавон, ки ба тозагӣ
ба сафи ҳизб пайвастанд, дар
вазъияти тантанавӣ Шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.