Оғози мактаби захираи кадрҳо

2023-05-31

Бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисос ва сайқал додани дониши сиёсии мутахассисони ҷавон дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мактаби омода намудании захираҳои кадрӣ, тайи чанд сол инҷониб амал мекунад. Дар мактаби захираи кадрӣ занон ва ҷавонон аз мактаби бузурги роҳбарии шахсиятҳои варзида сабақ меомӯзанд. Дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, кушодашавии навбатии курси захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, фаъолон, аъзоёни ҲХДТ, олимону устодон, собиқадорон, аъзоёни мактаби захираи кадрҳо ва намояндагони ВАО баргузор гардид.

Нахуст, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар сухани ифтитоҳи хеш ҳамаи шунавандагонро ба муносибати кушодашавии курси навбатии захираҳои кадрии назди КИВ ҲХДТ самимона табрик намуда, иброз дошт, ба мактаби захираи кадрҳо мо устодонеро даъват кардаем, ки ҳар яке аз онҳо дар фаъолияти кории худ ба дастоварди азиме ноил гардиданд ва таҷрибаю малакаи онҳо шоистаи омӯзиш аст. Шунавандагонро мебояд, ки ҳар лаҳзаву соатро ғанимат шуморида аз мактаби бузурги роҳбарии шахсияти варзида сабақ омӯзанд.

Сипас, муовини раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврони Абдуқодир зимни суханронии хеш, қайд намуд, ки ифтитоҳи марҳилаи навбатии машғулиятҳои курси захираҳои кадрӣ дар назди Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ самараи таваҷҷуҳ, ғамхории рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон сол аз сол тақвият меёбад.

Дар аввалин машғулияти мактаби захираи кадрҳои назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба мавзӯи «ҲХДТ– нерӯи бузургу созандаи кишвар» баромад намуда, аз таърихи ташкилёбӣ ва дастоварду пешравии ҲХДТ ба шунавандагон ёдовар шуданд ва машғулият бо саволу ҷавоб судманд анҷом ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки соли ҷорӣ ба Мактаби захираҳои кадрии кумитаи иҷроияи вилоятӣ бо ҷалби беш аз 30 нафар мутахассисони сохторҳои гуногуни вилояти Суғд ҷалб гардидаанд.