Кӯдакон – дунёи моянд

2023-05-30

Санаи 30 майи соли 2023 дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон маҳфили шеъру сурудхонӣ миёни таълимгирандагони кӯдакистони № 44 ноҳияи И.Сомонӣ доир гардид.

Мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Нозимӣ Рухшона нахуст, кӯдаконро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон шодбош гуфта, қайд намуд, ки ҳамасола якуми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ин яке аз идҳои муҳими байналмилалӣ мебошад, ки таҷлили он аз соли 1925 дар конфронси байналмилалӣ оид ба беҳбуди ҳаёти кӯдакон дар шаҳри Женеваи Швейтсария роҳандозӣ шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон аз ибтидои давраи Истиқлолияти давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрию ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, наздик ба 40 дарсади аҳолии кишварро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Зеро Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ давлати иҷтимоист ва барои ҳифзи иҷтимоии кӯдакону наврасон, аз ҷумла гурӯҳҳои ниёзманду камбизоати аҳолӣ, вазифадор мебошад. Инчунин ҳамаи кӯдакони мамлакат узви соҳибҳуқуқи ҷомеаи мо буда, барои табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд.

Дар Тоҷикистон низ Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» таҷлил карда мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ маънидод намуда, баҳри парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеа таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳанд.

Дар идома маҳфили рақсу шеърхонӣ доир гардид, ки дар он аз ҷониби кӯдакони кӯдакистон рақсу сурудҳои ҷолиб иҷро карда шуд. Ҳамзамон ҷиҳати болидарӯҳии кӯдакон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим гардид.