Мо насли хушбахтем
2023-05-30
Бо
ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, бахшида ба Рӯзи
байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузории мусобиқаҳои
варзишӣ миёни хонандагони
муассисаҳои таълимии ноҳия доир гардида истодааст.
Дар
доираи таҷлили ин сана чорабиниҳои гуногуни варзишӣ аз қабили футбол,
дастхобонӣ, арғамчинкашӣ миёни кудакону наврасони синфҳои поёнӣ ташкил шуда,
ғолибон бо туҳфаҳои Кумитаи иҷроия ноҳия сарфароз мегарданд.
Зикр
гардид, ки дар Тоҷикистон низ чун дар дигар кишварҳои ҷаҳон, якуми июн ҳамчун
Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.
Рӯзи
байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии
демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё
таҷлил гардида буд.
Лозим
ба ёдоварист, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ғамхорӣ ба кӯдакон, фароҳам
овардани шароити мусоид барои солим ба воя расидан, соҳиби илму маърифат ва
фарҳанги баланд гаштани кӯдакон мебошад.
Таҷлили
ин сана ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону
наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва
оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба
дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки
кӯдакон ҷой диҳем. Барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии
вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ӯ лозим
аст. Кӯдаконро мо бояд барои ҳаёти мустақилона ба таври шоиста омода кунем.
Онҳоро бояд дар рӯҳияи арзишҳои инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори
некуву ҳамида тарбия намоем.