Ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ – пояи асосии Ваҳдати миллӣ
2023-05-30
Санаи 29 майи соли
2023 дар доираи амалӣ намудани нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар
бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил шудан
ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва пешгирии фарҳанги бегона, дар
муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52 бо сокинон ва ҷавонони фаъоли маҳаллаи
Ҳабибуло Назарови ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур
Қурбонзода Убайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ,
Ҳакимниё Илҳомиддин, директори Литсейи хусусии Роҳнамо, аъзои гурӯҳи таблиғотии
Кумитаи иҷроия ва сокинон иштирок намуданд.
Нахуст Қурбонзода
Убайдулло зимни сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат барои
аз худ намудани илмҳои замони муосир барои ҷавонон тамоми шароитҳоро муҳайё
намудааст. Мутаассифона, падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосир чун терроризм ва
экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна
ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ
сафарбар менамоянд. Дар чунин шароити басо мураккабу печида мову шуморо зарур
аст, ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, зиракии сиёсиро
аз даст надиҳем.
Сипас, Ҳакимниё
Илҳомиддин вобаста ба масъалаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи
ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна
ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва пешгирии фарҳанги бегона суханронӣ намуда, иброз
дошт, ки ватандӯсту меҳандӯст бошем зеро, ки мазмуни аслии ватандӯстӣ меҳру
муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои
ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Бояд гуфт, ки худшиносии миллӣ, ҳисси
ватандўстӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар
як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифаи ҷонӣ мебошад.
Дар ин радиф зикр
гардид, ки чун сарчашмаи таъмини сулҳ ва ризоият Ваҳдати миллӣ омили сарҷамъии
мардум гардида, яке аз дастовардҳои муҳимтарини таърихии мардуми тоҷик дар
даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Зеро бо имзо гардидани Созишномаи
умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо талошу заҳматҳои
пайвастаи Президенти мамлакатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, дар
китоби сарнавишти миллати куҳанбунёди мо саҳифаи наве боз шуд, ки роҳи ояндаро
ба сӯи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд равшан сохт.