Номзадии Муинӣ Мавсума Муинзода ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 пешбарӣ гардид
2023-05-30
Бо назардошти маъракаи
муҳими сиёсии дарпешистода, яъне интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии
якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 Конференсияи XXIX ғайринавбатии
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он номзад аз ҳисоби
аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.
Дар кори конференсия
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар, Раиси шаҳри
Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, раиси комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи
вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатии Хуҷанд №13 Илҳом Саидов, 199
нафар вакилон аз ташкилотҳои ибтидоӣ, занону ҷавонони фаъол ва аъзои Ташкилоти
ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд иштирок доштанд.
Раиси кумиҷроияи ҲХДТ
дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, рӯзномаи
Конференсияро шинос намуд ва ҳайати раёсати кории Конференсия, котибот,
комиссияҳои таҳририя, мандатӣ ва баҳисобгирии овозҳо бо ҷонибдории вакилони
Конференсия тасдиқ гардиданд.
Дар кори Конференсия
масъалаҳои дар бораи вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати тарғиб ва амалигардонии
ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”
ва пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии
Хуҷанд №13 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вобаста
ба масъалаи якуми рӯзнома, вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати тарғиб ва
амалигардонии ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи
ватандӯстии шаҳрвандон” Шарипов Абдуҳаким, Раиси шӯрои собиқадорони Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дотсенти Донишгоҳи давлатии
Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маърӯза намуд.
Қайд
гардид, ки ташкилотҳои ҳизбӣ бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва оммавию сиёсиро оид ба
вазъи имрӯзаи ҷаҳон, мавқеъ ва нақши байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини
дахлнопазирии сарҳадҳои кишвар, амнияти дохилӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии
мамлакат, ки аз талаботҳои Оиннома ва ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ, қонунҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон, фармонҳо ва супоришҳои Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд,
вусъат диҳанд.
Баъд
аз шунидани маърӯзаи раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд
Конференсияи XXIX ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб қарори дахлдор
қабул намуд.
Сипас,
Бахтиёр Исматҷонов баён дошт, ки тибқи қарори Комиссияи Марказии интихобот ва
райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2023, таҳти №184 “Дар бораи
таъин кардани интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии
Хуҷанд №13”, рӯзи баргузории интихобот 16 июли соли 2023 таъин карда шудааст.
Моддаҳои
30 ва 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳизбҳои сиёсӣ имконият медиҳад, ки 60 рӯз
пеш аз интихобот ва 45 рӯз мондан то интихобот ба вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот як нафар
номзадро пешбарӣ намоянд.
Тибқи
моддаи 4.17 Оинномаи ҲХДТ, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи вакили хориҷшуда Муинӣ Мавсума Муинзода дар ҳавзаи
ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 пешниҳод карда шуд.
Вобаста
ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 Раиси шаҳри Хуҷанд
Фирдавс Шарифзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар
Исмоилзода маъруза намуда, баён доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
аз рӯзҳои аввали фаъолияташ таҳти сарварии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи раиятдӯстонаро пеш гирифта, бо роҳандозии оинномаву
Барномаи фаъолияташ барои ҳифзи манфиатҳои халқ, баланд бардоштани донишҳои
сиёсӣ ва татбиқи ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ
медиҳад.
Сипас,
тариқи бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ мавқеи вакилон нисбатии Муинӣ Мавсума
Муинзода аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 номзад ба вакили Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони конференсия
муайян гардид.
Ҳайати
комиссияи баҳисобгирии овозҳо иттилоъ доданд, ки бо гирифтани аксарияти раъйи
вакилон Муинӣ Мавсума Муинзода номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.
Дар анҷоми кори конференсия Муинӣ
Мавсума Муинзода барои боварию эътимод ба Пешвои муаззами миллат ва вакилони
Конференсия изҳори сипос намуд.
Бо ҳамин ба кори
Конференсияи XXIX ғайринавбатии
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд хотима бахшида шуд.