1 июн - Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон
2023-05-29
Андеша.Ҳар сол рӯзи
якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил
мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи чунин кишварҳост.
Рӯзи байналмилалии
ҳифзи кӯдакон ҳанӯз 65 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи
байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо
кишвари дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо - калонсолон ҳамеша ҳушдор
медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани
шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти
бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд
дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Воқеан, кӯдакон ояндаи
осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба
шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро
ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун
зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Ҳоло дар ҷаҳон бо
қабули даҳҳо санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи
кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини
меҳнати кӯдакон ва монанди инҳо барои ҳифзи ҳаёт ва инкишофи кӯдакон заминаи
устувор фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз дар дунё теъдоди зиёди
кӯдакон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ дучор мегарданд ва на ҳамаи онҳо
зиндагии шоиста доранд. Тибқи маълумоти Хазинаи кӯдакони Созмони Милали
Муттаҳид дар ҷаҳон беш аз нисфи ноболиғон дар хонаводаҳое умр ба сар мебаранд,
ки дар онҳо хушунати ҷисмониву равонӣ ҷой дорад ва ҳамарӯза аз даҳ кӯдак як
нафар дучори озори калонсолон мегардад. Дар баъзе кишварҳои Осиёву Африқо
кӯдакон зери таҳдиди гуруснагӣ, бесаводӣ, задухӯрдҳои низомӣ ва сироят гардидан
ба бемориҳои вазнин зиндагӣ мекунанд. Шумораи фавти кӯдакон дар ин кишварҳо
нисбат ба мамлакатҳои пешрафта ду баробар зиёд аст ва беш аз 140 миллион
кӯдакон, ки аз нисф зиёди онҳоро духтарон ташкил мекунанд, аз муассисаҳои
томактабӣ ва таълимӣ дур мондаанд.
Бо дарназардошти
аҳамияти бузурги ин масъала, Ҳизби
Халқии ДемократииТоҷикистон, Ҳукумати
Тоҷикистон аз ибтидои давраи истиқлолияти давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи
кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини
меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина
санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ
намудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаҳои синну сол
яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз 35 фоизи сокинони мамлакатамонро
кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва
Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Зеро Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ давлати
иҷтимоист ва барои ҳифзи иҷтимоии кӯдакону наврасон, аз ҷумла гурӯҳҳои
ниёзманду камбизоати аҳолӣ, вазифадор мебошад. Инчунин ҳамаи кӯдакони мамлакат
узви соҳибҳуқуқи ҷомеаи мо буда, барои табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил
доранд.Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид
ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва
беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон аз ҷониби Ҳукумати кишвар то ба имрӯз
тадбирҳои зиёде андешида шудаанд. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвари мо бо
таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон мебошад. Давлат таълими умумии асосии
ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ кафолат медиҳад. Дар айни
замон фарогирии хонандагон ба муассисаҳои таҳсилот 99 фоизро ташкил медиҳад.
Вале дар баробари андешидани ҳамаи тадбирҳои зикршуда аз тарафи баъзе наврасону
ноболиғон содир кардани қонуншиканӣ ва ҷиноят, ҳатто ҷиноятҳои вазнин ба назар
мерасад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои ноболиғон ба иллати
назорати сусти волидайн ва бетарафии мактабу ҷомеа, тақлид ба қаҳрамонони
филмҳои дорои хусусияти зӯроварӣ, ширкат дар марказҳои дилхушӣ ва истеъмоли
шаробу маводи мухаддир сар задаанд. Яке аз ҳадафҳои қонуни "Дар бораи
масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ҳамин аст, ки дар баробари
давлату Ҳукумат падару модарон масъулияти худро бештар дарк кунанд ва вазифаҳои
ба зиммадоштаашонро иҷро намоянд.
Ҳукумати Тоҷикистон
меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон қадам ба қадам
амалӣ мегардонад. Дар кишвари мо ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кӯдак,
фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти ӯ аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати
давлат мебошад. Ба ҷомеаи мутамаддин аз рӯи меъёре баҳо медиҳанд, ки дар он
нисбат ба ниёзмандтарин қишри ҷомеа, яъне кӯдакони ятиму маъюбон ва мӯйсафедон
чӣ гуна муносибат мекунанд. Аз ин рӯ, танҳо саъю талоши дастаҷамъонаву
муштараки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат
метавонад ба зиндагии фарзандони кишвар хушбахтӣ ва оромиву осудагӣ бахшад.
Танҳо набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи
ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ
нисбат ба ӯ лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба
воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва
ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо - калонсолон вобаста мебошад. Инро бояд
ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти
мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар рӯҳи
ватанпарварӣ, миллатпарварӣ, сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу
рафтори неку ҳамида тарбия намоем.
Ғуломов С,
муовини раиси КИ ҲХДТ
дар ноҳияи Хуросон