ВАТАНРО ДӮСТ ДОРУ БИНВОЗ, ТО ФАРЗАНДИ АЗИЗИ ОН БОШӢ!

2023-05-29

Овони довталабии мо барои дохил шудан ба риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба оғози солҳои навадуми қарни гузашта рост омад. Мо, чанд ҷавонони навхат тавассути қатораи Конибодом - Душанбе дар фосилаи як шабонарӯз вориди Душанбешаҳр шудем. Ҳарчанд соле аз ҷанги шаҳрвандӣ сипарӣ шуда бошад ҳам, осори яъсу ноумедӣ дар чеҳраи мардуми пойтахт намудор буд. Ман, ки дар хонаи хешовандон ҷой гирифта будам, бо фарзанди калонии хонадон ҳар субҳидам барои харидории ду дона нони буханка дар коргоҳи нонпазии шаҳр навбат мепоидем. Вазъияти иқтисодиву иҷтимоӣ воқеан ҳам, он солҳо дар қиёс ба деҳҷойҳо дар марказҳои шаҳр нигаронкунанда буд. Бо вуҷуди он, ки серӣ хӯрок намехӯрдем, шабу рӯз пайи мутоилаи китоб будем, то орзуҳоямон амалӣ гарданду ба мизи донишҷӯӣ, ки воқеан ҳам, он солҳо ифтихор буд, нишинем. Инак, рӯзи нахустини имтиҳон барои дохилшавӣ ба донишгоҳ шуруъ шуд. Ба мо дар навиштани иншо чанд мавзӯъеро пешниҳод карданд, ки ман бе ягон фикр ё истиҳола мавзӯи “Ватанро дӯст дору бинвоз, то фарзанди азизи он бошӣ”-ро интихоб кардам. Зеро ба ёдам як очерки радиёӣ аз қаҳрамонию бебокии як зумра ҷавонони деҳае аз минтақаи ҷануби кишвар омад, ки дар он солҳои мудҳиши ҷанги бародаркуш ба хотири дифоъ аз марзу бум, шаъну эътибор ва нангу номуси падару модар, хоҳару бародар ба даст силоҳ гирифта, бар зидди аҳримансифатон мубориза бурданд. Ҳарчанд аксари онҳо дар ин ҷанг қурбон шуданд, вале музаффарият ҷониби онҳо буд. Зеро ин ҷавонони навхат бо азму иродаи қавӣ ба ояндаи дурахшони миллати худ бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварии комил доштанд. Ҳар сол дар сари турбати ин ҷавонон, ки барои саодати имрӯзиён ҷон фидо кардаанд, лолаҳо мерӯянд. Дар дабистонҳо аз корномаҳои онҳо мисли қаҳрамонии падарону бобоёни мо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар мулки Афғонистон ёд мекунанд. Аммо насли имрӯз бояд донад, ки бар ивази кадом заҳматҳову ҷоннисориҳо ба чунин шароити созгор ва ободу озод расидем. Дар ин ҷода ба пешниҳоди чандин нафароне, ки дар набардҳои сохти конститутсионӣ аз худ қаҳрамониҳо нишон додаанд, розиям, ки муҷассамаи сарбози даврони соҳибистиқлол дар минтақаҳои кишвар гузошта шавад, то барои имрӯзиён сабақи зиндагӣ, сабақи матонат ва ҷавонмардӣ бошад.

Ҷавонони мо вақте сари чорроҳаи қисмат меистанд, ҳатман аз кору пайкори Сарвари давлат ибрат гиранд. Маҳз далерӣ, родмардӣ, меҳроинӣ, хислати тӯдакашӣ, эътимод ба ояндаи неку самаровар, хиради азалӣ, гузашт кардан аз гуноҳи ҳамдигар Эмомалӣ Раҳмонро чун сиёсатмадори варзида номдору шинохта кард. Воқеан ҳам, таърих ёд надорад, ки як ҷавони 40-сола дар мудҳиштарин вазъият, вақте ки касе ҳатто ба бародари худ бовар надошт, мизони роҳбарии ин мулки ҷангзадаро бар дӯш гирад. Ба гумони ман ҳисси баланди ватандорӣ, аз самими дил дӯст доштани обу хоки диёр, бефарқ набудан нисбат ба тақдири ояндаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат овард. Ҷавонони зода ва парвардаи замони истиқлол бояд донанд, ки Ватан дар пушти шонаҳои онҳо қарор дорад ва агар мисли Сарвари худ ва он ҷавонони далеру шуҷое, ки ҷони худро барои тинҷиву оромӣ ва саодати халқ қурбон кардаанд, мо ҳам ватандӯст бошем, он гоҳ миллати мо пешрав ва ояндадор хоҳад буд.

Муҳаммад Иқбол, шоири тавонои миллат дар яке аз шеърҳояш менигорад:

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони Шумо,

Эй ҷавонони Аҷам ҷони ману ҷони Шумо

Ғӯттаҳо зад дар замири зиндагӣ андешаам,

То ба даст овардаам афкори пинҳони Шумо

Ҷавонӣ воқеан ҳам, аёми пуршӯру шар аст. Айёмест, ки ҳар чиро аз ин қишри ҷомеа интизор шудан мумкин аст. Ман беҳуда аз хислатҳои ҳамидаи бархе аз ҷавонони солҳои 90-уми асри гузашта ёдовар нашудам. Миёни ҷавонони он солҳо буданд ҷавононе, ки ба хотири манфиатҳои шахсӣ, айшу ишрати яклаҳзаина камон дар даст чандин оилаҳоро бесаробон карданд. Аз таърих бармеояд, ки аксари майдоннишастагони солҳои 90 ум маҳз ҷавонони гумроҳ буданд, ки хоҷагонашон ба онҳо ваъдаҳои зиёд медоданд. Маҳз содагиву гумроҳӣ боиси сар задани низоъ гардид. Маҳз чунин каҷфаҳмиҳо буданд, ки солҳои 1995-1996 дар шаҳри Хуҷанд ҳам назди бинои ҳозираи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд чандсад нафар ҷавонон гирдиҳамоӣ намуда буданд. Ин ҳама бесарусомониҳоро душманони миллат бо истифода аз неруи ҷавонон созмон дода буданд. Ин гуна аҳримансифатон ҳоло низ ҳастанд ва ин амалҳои ноҷавонмардонаи худро идома дода истодаанд. Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, хоса ба Ҳизби наҳзати ислом, қурбон шудани онҳо дар мулки бегона, ашку надомати волидон ба ин мисол шуда метавонанд. Аз рӯйи маълумоти оморӣ, ҳудуди 300 ҷавонони вилоят имрӯз гумроҳона ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣпайваста, иддае аз онҳо ҷони ҷавони худро аз даст додаанд. Ин ҷавононро нафарони сиёҳдил ба маънои томаш манқурт кардаанд. Гӯё бо ин амалашон хизмате дар роҳи ислом мекунанд. Аммо вақте падару модари чашминтизор, кӯдакони аз меҳри падар дурмондаро мебинӣ лаънат мехонӣ ба чунин «ғамхорони ҷавонон».

Наворе, ки чанд рӯз пеш вобаста ба латукӯби сарбозони тоза бахизматомада аз ҷониби сарбозони ба истилоҳ “дед” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, шӯру валваларо миёни хонандагон барангехт. Ҳамагӣ амалкарди ҷавонони бедил ва бераҳмро маҳкум намуданд. Магар чунин рафтор ба шаъни ҷавони тоҷик мезебад. Охир волидон бо сад азобу машаққат фарзандонро калон мекунанд, то онҳо нигаҳбони миллат ва асои дасти онҳо бошад. Пас, чаро вазъ дар ин ҷода беҳтар нашавад? Аз ҷониби дигар он нафароне, ки қасдан дар вақти даъвати ҷавонписарон чунин навори кӯҳнаи соли гузаштаро гузоштаанд, хиёнат ба Ватан карданд. Магар мешавад, ки ҳамаи мо имрӯз аз дастоварди давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бунёди Артиши миллӣ бо меҳр ва ифтихор сухан гӯему якчанд нафарон бо пахши чунин наворҳо нафратро алайҳи неруҳои ҳимоятӣ зиёд кунанд. Фаромӯш набояд кунем, ки мо Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро дар шароити хеле вазнин ва ҳассос таъсис дода, онро аз сифр оғоз кардем. Чаро чунин нафарон аз дастовардҳои соҳа наворе пахш намекунанд. Магар онҳо осиянд? Хушбахтона, ҳар амал подоши худро мегирад. Чун пасттинатон бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Аммо нафароне, ки ин наворро на аз рӯйи ҳисси раҳм, балки аз рӯйи миллатбадбинӣ ва нотавонбинӣ паҳн кардаанд, бояд донанд, ки таърих инро нахоҳад бахшид. Вақт беҳтарин довар аст ва имрӯз ҷавонон бо ақлу идроки худ фаҳмида истодаанд, ки беҳтарин аём ин аёми ҷавонист.

Аммо дар муқобили ин ҳама «истодагариҳои бадтинатон» ҷавонони даврони истиқлол воқеан ҳам, ҷавонони хушбахтанд. Зеро ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат роҳи васеъ барои такмили маҳорат, рушди истеъдод ва такмили дониш боз аст. Вақте ҷавонони тоҷик бо либоси хубу шинам дар қисмҳои низомӣ боифтихор хизмат мекунанд, вақте ҷавонони мо дар бонуфузтарин муассисаҳои олии олам таҳсил мекунанду бо ихтирооти худ ба қатори сад ҷавонони нобиғаи аём ворид мешаванд, кӣ ифтихор намекунад? Ғолибияти дастаи мунтахаби ҷавонони зери 16-солаи кишвар дар Чемпионати Осиё аз рӯйи риштаи футбол ва сазовор шудан ба медали нуқра магар мояи ифтихор нест? Мо ҳар рӯз мешунавем, ки хонандагони мо аз олимпиадаҳои байналмилалӣ бо зафар бармегарданд. Ин пайки шодӣ аз тинҷиву ободии меҳани азизамон дарак медиҳад

Барои мо хеле хушоянд аст, ки дар чунин замони суботу оромӣ умр ба сар мебарем ва аҳсан мехонем ба сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат. Зеро Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба ҷавонон ҳамчун қишри ояндасоз эътимоду боварии зиёд доштанд. Дар сатҳи давлат роҳандозӣ шудани якчанд қонуну барномаҳо, таъсиси ҷоизаҳо барои олимони ҷавон, квотаи президентӣ, аз 13 муассисаи олӣ то ба 42 адад расонидани шумораи онҳо худ далолати гуфтаҳои болоист. Гузашта аз ин, дар давоми 32 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 1000 майдончаву толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ин аз соҳибхирадии Пешвои миллат башорат медиҳад.

Соли 2017 эълон шудани “Соли ҷавонон” таҳаввулоти азиме дар ҳаёти сиёсии ҷавонон буд. Дар ин соли таърихӣ таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мо, ҷавонон боз ҳам бештар гардид. Ин иқдоми роҳнамои миллат барои ҷавонони саодатманди диёр мояи ифтихор ва сарфарозист. Зеро ҷавонони мо аз ҳар вақт дида беҳтару бештар масъулияти худро дар назди ҷомеа эҳсос намуда, бо кору пайкори созандаи худ барои ободии диёр саъю кӯшиш карданд. Таваҷҷуҳи Сарвари давлат, махсусан ба донишҷӯён зиёд буда, дар симои ҳар яки онҳо фардои дурахшони ин миллатро мебинанд. Хосатан, рӯ ба илмҳои дақиқ ва техникаву технология оварданро Пешвои миллат дар ҳар як суханронии хеш таъкид мекунанд. Президенти мамлакат борҳо таъкид доштаанд, ки дар шароити кунунӣ, яъне пешрафти босуръату бесобиқаи илму техника сатҳи тараққиёти кишварҳои олам аз дараҷаи истифодаи ғояҳои замонавӣ, технологияҳои пешқадам, татбиқи усулҳои инноватсионӣ, робитаи мустаҳками илму истеҳсолот ва вусъати тафаккури илмиву иттилоотӣ, инчунин аз сатҳу сифати тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат ва донишманду навовар вобастагии мустақим дорад.

Воқеан ҳам, чун амиқ назар кунем, аён мегардад, ки завқи ҷавонон ба илмҳои дақиқ ва техникаву технология коста гардидааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар саргаҳи амалишавии чор ҳадафи стратегӣ қарор дорад. Ба хоҷагии халқи мамлакат имрӯз мутахассисони соҳаи роҳу нақлиёт, канданиҳои фоиданок, энергетика, сохтмону меъморӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, барномасозӣ, телекоммуникатсияву дизайнер чун обу ҳаво зарур аст. Ҳамсолони моро мебояд, ки чунин пешаҳоро ихтиёр кунанд ва бад-ин васила ҳам зиндагии худро таъмин кунанду ҳам барои ободии диёру Ватани худ саҳмгузор бошанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда буданд. Ин ташаббуси наҷибонаи Пешвои миллат бори дигар мо, ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки обу хоки диёрамонро бештар қадр кунем ва азизаш дорем. Аз гузаштаи пурғановати миллати соҳибфарҳангу тамаддунофари хеш ифтихор карда, ба ҷаҳониён собит намоем, ки мо, миллати ҳунардӯст ва зебоиофар будем ва ҳастем ва бо вуҷуди кӯҳсор будану камзамин будан метавонем ҷаҳонро ба даври худ ғунҷонем.

Зиҳӣ бахту зиҳӣ даврони тоҷик,

Ба кайҳон мерасад айвони тоҷик

Агарчи ҳалқаи кӯҳош танг аст,

Ҷаҳон ғунҷад ба даври хони тоҷик.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ, рўзноманигор