Ҳифзи сарҳадоти давлатӣ шарафи бузург ва нишон аз ҷавонмардист
2023-05-29
Тавре ки ба ҳамагон
маълум аст, имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон дар доираи эълон гардидани
Моҳвораи ҷавонон аз 1 май то 30 майи соли ҷорӣ чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва
маҳфилу озмунҳо аз ҷониби сохторҳои гуногуни марбута доир гардида
истодааст.
Дар робита ба ин,
вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизбӣ ва нақшаи
чорабиниҳои ҷашнии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар
доираи эълон гардидани моҳвораи ҷавонон, инчунин, ҷиҳати таҷлили 29 солгарди
таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ва “Рӯзи сарҳадбонони тоҷик”, имрӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҳизб
дар ноҳия дар қисми низомии 0122-и ҚС КДАМ ҶТ, чорабинии сиёсиву фарҳангӣ
баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ,
кормандони Кумитаи иҷроия, роҳбарияти қисми низомии 0122-и ҚС КДАМ ва ҳайати
шахсии қисми низомии мазкур иштирок намуданд.
Зимни баромади худ
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур нахуст, иштирокчиёни ҷамъомадро
бо суханони табрикотӣ ба ифтихори 29 солгарди таъсисёбии ҚС КДАМ ва “Рӯзи
сарҳадбонони тоҷик” шодбош намуда, зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати
тарбияи кадрҳои ҷавону баландихтисоси ҳарбӣ ва беҳтар гардонидани вазъи
иҷтимоии онҳо ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Махсус ёдовар бояд шуд, ки дар тӯли ин
солҳо барои ҳифзи сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, ҳаёти осудаи
сокинон ва оромиву суботи мамлакат ҳангоми амалиёту муҳорибаҳои зиддитеррористӣ
чандин нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷони худро қурбон кардаанд, ки
мардуми шарифи тоҷик ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон номи нек ва ҷасорату
фидокории онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард.
Ҳамчунин,
мавсуф зимни сухаронии хеш зикр намуд, ки ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст
овардани Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади ҳарчи бештар таҳти назорат қарор
додани сарҳади кишвар ва пешгирӣ кардани воридшавии аъзои гурӯҳҳои террористиву
экстремистӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир зарурат ба миён омад, ки 28 майи
соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти кишвар Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис дода
шавад, ки ин санаи таърихиро ҳамчун “Рӯзи сарҳадбонон”, эълон намуданд. Яъне мо
ба монанди дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадиро низ дар
давраи бисёр ҳассос ва аз ҳар лиҳоз мушкили таърихи кишварамон, бе ягон заминаи
моддиву техникӣ ташкил кардем.
Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки
дар айёми бисёр вазнину ҳассоси таърихи халқамон таъсис дода шуданд, на танҳо
барои ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои
кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми басо арзишманд гузоштанд, балки нишонаи возеҳи
Истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон мебошанд.
Сипас, ба як қатор сарбозону афсарони шӯҷоъ барои қадрдонӣ дар фазои тантанавӣ ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур тақдим карда шуд.
Дар идома, ҷиҳати боз ҳам болидарӯҳ ва хушҳол гардонидани афсарону сарбозон, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони Филармонияи бачагонаи шаҳри Душанбе баргузор гардид.