ЗАНОН ТАҶАССУМГАРИ ФАРҲАНГ ВА ЛИБОСИ МИЛЛӢ

2023-05-29

Зан-модар бунёдгузори ҳаёти инсонӣ, чашмаи ҷӯшони меҳру вафо ва пайвандгари муҳаббат мебошад. Дар раванди иҷрои рисолати офарандагию таҳаммулпазирӣ зан масъулияти муҳими модарӣ, оиладорӣ ва эҳтиром гузоштан ба устувории он, тарбияи дурусти фарзанд, арҷгузори оинҳо ва ҳунарҳои миллиро дар масири таърих ҳастии хеш медонад. Зани шуҷоъ ва ҳунарманди тоҷик дар раванди шебу фарози таърих бо дасти муъҷизаофару меҳрофараш паҳлӯ ба паҳлӯ баробари мардон муқобили то ба имрўз бар муқобили бадбинони фарҳангу ҳунари миллати тоҷик истодагарӣ карда, мероси фарҳанги қадимиро ба насли имрўза боқӣ гузоштааст. Неруи тавонои занон дар эҳёву такомул, пос доштани тамаддуну фарҳанги миллӣ ва тавлиди мероси гаронбаҳои гузаштагонамон нақши асосӣ дошта, занон дар ҳама марҳилаҳо инъикосгари фарҳангу оини хеш буда, дар мерос гузоштани он саҳми беназир доранд. Либос ва забон муаррифгари миллату давлат буда, арҷгузор ба ҳастии он мебошад. Ғуруру номуси зани тоҷик дар набарди гардиши фалак бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ пайваста музаффариятҳоро ҳамқадамашон гардонид. Модари тоҷик чун амонатгузори фарҳангу забон, арҷгузорандаи урфу оинҳо ва посдорондаи тамаддуну анъанаҳои тоҷикӣ шабҳои дароз дар назди пилтачароғ бо ҳазорон орзуҳои модарона барои фарзанди хеш куртаи атласу чакан бо ороиши дунёи меҳри модарӣ дар он нақш мегузошт. Пайравӣ ба гузаштаи хеш ва амонатгузорӣ ба ояндагон намуда, бо пироҳани тоҷикӣ оину фарҳанги тоҷикиро то ба имрўз пойбарҷо гузошта, муаррифгари оламиён гардонид. Пайдост, ки либоси миллӣ бозгӯйикунандаи анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Модар бо шабзиндарориҳо баҳри арӯсии духтараш куртаҳои дастдўзи хешро бо рӯймолҳои шолу заргаронӣ омода намуда, пайваста таъкид ба гиромидошти оинҳо мекард. Либоси инсон муаррифгари ҷинси ӯ мебошад. Пӯшидани либоси покизаю ороста ва ботартиб низоми фикрӣ ва завқи солимдоштаи инсонро ифода мекунад, зеро касе, ки аз парешонӣ ва ошуфтагӣ дур бувад, ба шакли пӯшиши худ аҳамият медиҳад.

Либос як шохаи фарҳангӣ миллӣ буда, фарҳанг иборат аз кулли биниш ва нигариш аст, ки як ҷомеа нисбат ба ҷаҳон дорад. Ин биниш ва нигариш ҳамон маъноеро фаро мегирад, ки он ҷомеа барои ҳастии инсон қоил аст ва он ҳама арзишу равишҳои фарду ҷамъиятро дарбар дорад. Ба ибораи дигар, фарҳанги як қавм дар вуҷуди мухталифи зиндагии онҳост, аз қабили санъат, иқтисод, идоракунӣ, шаҳрсозию меъморӣ ва ҳунар.

Робитаи либос ва фарҳанг ба андозае қавӣ аст, ки вақте як хориҷӣ вориди муҳите мегардад, нахустин аломате, ки боиси шинохти ӯ мешавад, ҳамон либоси ӯст. Гӯё инсон ва либосаш бо якдигар суҳбат мекунанд ва ҳар фард ба забони либоси хеш худро муаррифӣ менамояд, ки ман кистам ва аз куҷоям? Сарлашкари Фаронса Наполеон Бонапарт гуфтааст: “Агар хоҳед аз фарҳанг ва тамаддуни миллате бохабар бошед, ба занони он бингаред”. Занон инъикосгари фарҳанг ва тамаддуни миллатанд. Дар кишвари азизамон пӯшидани либоси миллӣ дар қиёс бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя бештар роиҷ аст. Зеро мо, тоҷикон анъанаҳои милии худро дорем ва ба арзишҳои миллӣ арҷ мегузорем. Аз маъруфтарин ва машҳуртарину маҳбубтарин либосҳои миллии мо, тоҷикон чакан, атлас, зардӯзӣ ва гулдӯзиро метавон ном бурд. Либосҳои мазкур ҳар кадомашон таърихи тӯлонӣ дошта, онҳо то кунун маҳбубияти худро нигоҳ доштаанд. Халқи тоҷик чун кошиф ва ихтироъкори абрешим, матоъҳои абрешимӣ, аз ҷумла атласи оламшумул дар ҷаҳон шуҳратёр гаштааст. Ҳанӯз аз замонҳои қадим матоъҳои атласу адрас қимати баланд доштанду шоҳону сарватмандон ба ҳомиёну сарлашкарони худ ба нишони иззату икроми пироҳан шоҳии зарбофтӣ аз ҳамин матоъҳо омодашуда тақдим менамуданд. Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ беш гардида, таҷассуми мавқеияти он тариқи озмунҳои “Сад ранги чакан” “Ҳунар беҳ аз зар бувад”, “Биё, тоҷикона мепўшем”,“Либоси миллии ман-ифтихори ман” инъикос гардидааст.

Эҳтиром ба либоси миллӣ оинаест ба пайравони фарҳанги ғайр то либоси гузаштагони хешро бо зебогию шаҳоматаш бубинанд. Имрўзҳо ташвиқу тарғиби фарҳанги ғайр ва бегонапарастии занону духтарон батадриҷ афзудааст, ки ин аз камандешии онҳо шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки фарҳангу анъанаҳои аҷдодии хешро пос дошта, нагузорем, ки фарҳангу тамаддуни ҳазорсолаи миллати куҳанбунёди тоҷик омехтаи дигар фарҳангҳо гардад ва ё аз байн равад, зеро бегонапарастӣ реша ба ҷавҳари асосии миллат ва фарҳанги миллии он мезанад.  

Зарина Идизода - раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Рашт