Соҳаи маориф самти афзалиятноки Барномаи ҲХДТ

2023-05-26

Санаи 26 майи соли 2023 дар доираи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, тибқи талаботи банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи Асадулло Ғуломов, Маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис Қурбонзода Убайдулло, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва роҳбарияти муассиса иштирок намуданд.

Нахуст, директори муассисаи мазкур Шарипова Нигина маҷлисро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Дар идомаи маҷлис, Қурбонзода Убайдулло қайд намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳз бо тафаккури созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои мураккаби сиёсӣ таъсис ёфта, барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ҳамчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Инчунин гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад.

Таъкид гардид, ки нақш ва масъулияти маориф барои рушди глобалии иҷтимоию иктисодӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, ташаккули низоми одилонаи ҷамъиятӣ ва муваффақияти миллии давлат афзун мегардад. Нақши муҳимми маориф дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони имрӯза дарки онро муайян месозад, ки ояндаи кишвар аз он вобаста аст, ки низоми миллии маориф ба кадом андоза барои бунёди иқтидори зеҳнӣ ҳамчун асоси рушди қобилияти аксарияти шаҳрвандон ва таъмини рафоҳати онҳо қодир аст.

Тибқи талаботи банди 4.2 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо ҷонибдории аъзоёни ҳизб дар МДТ Гимназияи Асадулло Ғуломов, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ёфта “Асадулло Ғуломов” номгузорӣ карда шуд.

Дар идома тибқи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирии аъзои ҳизб Шарипова Нигина Умаровна Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Асадулло Ғуломов” интихоб карда шуд.

Мувофиқи баррасии рӯзномаи маҷлис кормандони МДТ Гимназияи Асадулло Ғуломов, ки мавқеи сиёсиашонро муайян намуда, ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо гардиданд ба онҳо шаҳодатномаи аъзои ҳизб супорида шуд.