Таблиғи ғояҳои созандаи ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоӣ

2023-05-26

Санаи 26-уми майи сол ҷорӣ дар асоси талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти ҳизбӣ ва муроҷиати хаттӣ дар Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии (САҲШ) ноҳияи Фирдавсӣ маҷлиси муассисон баргузор гардида, ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар маҷлиси муассисон роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва кормандони САҲШ-и ноҳияи Фирдавсӣ иштирок намуданд.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ доир ба нақш ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон ва татбиқи барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбӣ ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки тибқи қонунгузорӣ оила ҳамчун асоси ҷомеа зери ҳимояи давлат қарор дорад. Дар барномаҳои ҲХДТ масъалаи баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, ташкили оилаи солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон яке аз афзалиятҳо маҳсуб меёбад. Дар иртибот ба ин, таъсиси ташкилоти ҳизбӣ дар САҲШ-и ноҳияи Фирдавсӣ фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро ҷиҳати саҳми бештар гузоштан дар татбиқи барномаҳои соҳавии ҳизб тавсеа медиҳад.

Дар Маҷлис ба 10 нафар кормандони САҲШ-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки барои аъзогӣ ба сафи ҳизб ариза пешниҳод намуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Сипас, ташкилоти ибтидоӣ-“Пойдории оила” номгузорӣ гардида, аъзои ҳизби ташкилоти номбурда роҳбарияти ташкилотро интихоб намуданд.

Зикр гардид, ки ташкилоти ибтидоии “Пойдории оила”-ро зарур аст, ки ҳамкориро бо Комиссияи кор бо занон ва оилаи назди Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ зич ба роҳ монда, бо ташкили вохӯрию мулоқот дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро миёни шаҳрвандон вобаста ба фарҳанги оиладорӣ, сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва пешгирӣ аз он пайваста роҳандозӣ намоянд.