Ба донишҷӯён ва толибилмони болаёқат идрорпулии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон тақдим гардид

2023-05-26

Баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ, ҳавасманд намудани натиҷаҳои баланди ҷабҳаи зеҳнӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҷамъиятӣ, фаъолияти варзишӣ ва изҳори эътирофи ҷамъиятии дастовардҳои донишҷӯён ва толибилмони лаёқатманд ва боистеъдод ва иҷрои Барнома ва Оинномаи ҳизб, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ҳамасола бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон озмуни гирандагони идрорпулии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро эълон менамояд.

Имсол дар озмун беш аз 40 нафар донишҷӯён ва толибимон аз коллеҷи тиббӣ ва муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзиданд ва 16 нафар соҳиби идрорпулӣ гардиданд.

Иқдоми мазкур дар партави ғамхорӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ҷавонон ҳамчун нерӯи бузург, ояндасоз ва саҳмгузори фардои дурахшони кишвар роҳандозӣ гардидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки ҷавонони саодатманд, зодагони даврони соҳибистиқлоли кишвари маҳбубамон, пайравони роҳбари бохиради Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат аз муҳаббату самимияти беандозаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории ватани биҳиштосоямон -Тоҷикистон мебошанд. Насли наврасу ҷавон сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносию ватанпарастӣ барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.