Омӯзиши фаъолияти кории Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

2023-05-26

Гуруҳи кории КИМ ҲХДТ бо Роҳбарии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор, ҷиҳати омӯзиши фаъолияти корӣ, аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.

Зимни шиносоӣ ҳолати баррасии қарорҳои Анҷумани 13 ҲХДТ, рафти дастуру супоришҳои роҳбарияти ҲХДТ, ҳолати бинои ҳизбӣ ва ҳуҷраҳои корӣ, иҷроиши нақшаи корӣ, фаъолияти комиссияҳои кор бо занон, ҷавонон ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбиро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Инчунин, дар қисмати дигари омӯзиш, тартиби бақайдгирии узви ҲХДТ, ҳолати қабули аъзои ҲХДТ, интизоми ҳизбӣ, саривақт иҷро гардидани дастуру супоришҳои роҳбарият аз тарафи кормандони кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолияти молиявӣ баррасӣ гардид.

Дар ин радиф зикр гардид, ки барои таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ, дастурамали коргузории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Қарори Раёсати КИМ ҲХДТ аз 14 январи соли 2022 омода ва қабул гардида, қоидаҳои ба роҳ мондани коргузорӣ, ва назоратро муқаррар менамояд. Дастурамал, кор бо ҳуҷҷатҳоро аз лаҳзаи ворид ё таҳия шуданашон то вақти ба бойгонӣ супоридани онҳо дар ташкилотҳои ҳизбӣ ба низом медарорад.

Ҳуҷҷати мазкур, бо мақсади дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ, мусоидат ва саривақт иҷро намудани қарор, дастуру супоришҳои роҳбарияти ташкилотҳои ҳизбӣ ва қоидаҳои ягонаи омода намудани ҳуҷҷатҳо, барасмиятдарорӣ, баҳисобгирӣ, истифодабарӣ, назорат ва нигоҳдории онро муқаррар менамояд.

Ҳамзамон зимни вохӯриҳо масъулон таъкид доштанд, ки вазифаи муҳимтарини ҳизбиён, тақвияти эҳсоси ватандустиву ватанпарастӣ, тавсеаи фарҳанги сиёсӣ ва густариши худшиносиву худогоҳии аъзо маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани руҳияи мардум, тақвияти тафаккури миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани алоқаи ҳизб бо мардум ҳарчӣ бештар мулоқоту вохӯриҳо ва чорабиниҳои оммавӣ доир карда шаванд.

Дар идомаи омӯзиш, ҳаракати аъзо, қабули сифатноки аъзои ҳизб ва ташкили низоми мукаммал дар ин бахш мавриди омузиш қарор гирифт. Таъкид гардид, ки бо назардошти камбудињои љойдошта, бо мақсади босифат, саривақт ҷамъ овардани ҳаққи аъзогӣ ва амалӣ намудани талаботи санадҳои танзимкунандаи ҳизбӣ, қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2022, таҳти рақами 4 “Дар бораи маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ дар ташкилотҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” тасдиқ карда шуд.