Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор бори нахуст озмуни “Беҳтарин донандаи компютер”-ро доир менамояд

2023-05-26

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат дар самти аз худ намудани илму дониш ва технологияҳои муосир масъулонро вазифадор намуда буданд, дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор ва нақшаи-чорабиниҳои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни “Беҳтарин донандаи компютер” гузаронида мешавад.

Иттилоъ медиҳем, ки Низомнома ва ангораи озмуни “Беҳтарин донандаи компютер” дар Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор тасдиқ карда шудааст.

Мақсади гузаронидани озмуни мазкур ин омузиши технологияи нави иттилоотиву коммуникатсионӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон барои қонеъ гардонидани талаботи шахс, давлат, ва ҷомеа, тайёр ва бозомузии кадрҳо барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оид ба истифода ва ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотию коммуникатсионӣ, ба шабакаи Интернет пайваст намудани муассисаҳои тахсилоти умумӣ ва дар ин замина ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ, ташкили системаи ягонаи иттилоотии идоракунии таҳсилоти умумӣ, таъмини манфиатҳои шахсият, давлат ва ҷамъият дар раванди ҷорӣ намудани технологияи нави компютерӣ ва телекоммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Дар озмуни мазкур донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо ва хонандагони синфҳои 10-11-и Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор, Гимназияи №1 дар шаҳри Ҳисор иштирок карда метавонанд.

Шарт ва талаботи озмун:

- Маълумоти мухтасар дар бораи компютер;

- Тарзи ҷобаҷокунии қисмҳои асосӣ ва иловагии компютер;

- Тарзи сабти барномаи Windovs дар компютер;

- Тарзи дуруст ворид намудани ҳуруфи тоҷикӣ дар комепютер;

- Навиштани матн дар саҳифаи M. Word дар як дақиқа;

- Тартиб додани ҷадвал ва гузоштани формула дар барномаи Eхsell;

- Тарзи қайди маълумоти шахсӣ дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ (тарзи кушодани саҳифаи шахсӣ, дар саҳифаҳои иҷтимоии итнренетӣ – Facebook, mail.ru, imo, viber, Instagram, Telegram, WhatsApp, TikTok;)

- Омода намудани слайд-шоу дар барномаи PowerPoint;

- Тарзи омода намудани мавод бо истифода аз барномаи Photoshop ва танзими навори кӯтоҳ.

Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи иҷрои босифат ва маълумоти мухтасар дар бораи амалан иҷро намудани шарт муайян мешавад;

Сипас аз ҷониби ҳакамон ба иштирокчӣ савол ва ё супориши амалӣ пешниҳод карда мешавад;

Ҳайати ҳакамон метавонанд барои беҳтару хубтар муайян намудани дониши иштирокчӣ саволҳои иловагӣ пешниҳод намоянд.

Ғолибони озмун бо тўҳфаҳо ва сипосномаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор қадршиносӣ карда мешаванд.