Идомаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои судманд бо сокинони маҳаллаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ

2023-05-26

Санаи 25 майи соли 2023 дар доираи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарои хусусияти экстремистӣ дошта ва пешгирии фарҳанги бегона дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 44 бо сокинон маҳаллаи Чашмасори ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур Қурбонзода Убайдулло-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Давлатзода Зубайдулло сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғафорзода Ҷонона – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Восидов Зиёдулло – намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия ва сокинон иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки имрӯзҳо Ҳукумати мамлакат барои аз худ намудани имлҳои замони муосир барои ҷавонон тамоми шароитҳоро муҳайё намудааст. Дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Мутаассифона падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосир чун терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Дар чунин шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба шумор меравад.

Сипас, иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгарои хусусияти экстремистӣ дошта ва пешгирии фарҳанги бегона суханронӣ намуда, иброз дошт, ки пайомадҳои манфии замони муосир аслан хоси асри 21 буда, айни ҳол тамоми сайёраро ба ташвиш андохтааст. Дар чунин вазъи ҳасос ба мо зарур аст, ки ватандӯсту, меҳандӯст бошем зеро, ки мазмуни аслии ватандӯстӣ меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Бояд гуфт, ки худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстӣ ва садоқат ба Ватан ибораҳое мебошанд, ки дарки маънии он барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ вазифаи ҷонӣ мебошад.