Натиҷаи фаъолияти созанда дар ҲХДТ Панҷакент

2023-05-25

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии Маорифчиён”-и муассисаи таълимии Литсейи шаҳри Панҷакент маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардида, ба 19 нафар омӯзгорони ҷавон, ки ба сафи ҳизб пайвастанд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар супорида шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода қайд намуд, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократӣ будан ифтихор буда, махсусан ба ҷавонон заминаи мусоиди зиндагиро кафолат медиҳад. Ӯ иброз дошт, ки ин ҳама аз шарофати меваҳои шаккарини Истиқлолияти меҳан аст, ки бо ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар воқеъ ҳизби мардумӣ буда, ифодакунандаи ормонҳои миллати мо мебошад. Фаъолияти пурсамари он аз он шаҳодат медиҳад, ки дар симои ҳар як аъзои он тарғибгари сиёсӣ, раҳнамо, ғамхору сарпараст ҳамчунин шаҳрванди намунаи ҷомеаи навин таҷассум меёбад. Ҳар як узви ҳизб аз аъзо буданаш ифтихор менамояд./

Бояд зикр намуд, ки дар меҳвари сиёсати барномавии ҳизб оид ба илму маориф, пеш аз ҳама дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик тарбия намудани насли навраси кишвар қарор гирифта, ҳизб ҳамкории доимиро бо донишмандон, олимону устодон ба таври васеъ ба роҳ мондааст.

Яке аз самти асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мустаҳкам ва зиёд намудани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби ҷавонони донишманд, хушахлоқ, ватандӯсту ватанпарвар ва ташаббускору бунёдкор ба ҳисоб меравад. Бо ҳамин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тасмим гирифтааст, ки сафи аъзову ҷонибдорони ҳизбро аз ҳисоби ҷавонони фаъол ва пешқадами шаҳр бештару бештар намояд.