Ҳар ваҷаб хоки Тоҷикистон ҳосилхез аст
2023-05-25
Кумитаи иҷроияи Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо усули хона ба хона
дар натиҷаи корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ, аз ташкилоти ибтидоии
"Файзобод"-и деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳия дидан
намуд.
Дар ин замина, ҷиҳати
таҳкими амнияти озуқаворӣ ва самаранок истифодабарии заминҳо, аз замини назди
ҳавлигии Ғаниев Фаррух боздид ба амал
оварда шуд. Сардори оилаи Ғаниевҳо бо мақсади истифодаи оқилона ва самараноки
замини наздиҳавлигӣ, бо назардошти мавсими кишту кор зироатҳои гуногун кишт
намуданд.
Зимни
суҳбат Раҷабалӣ Назаралӣ – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи
ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз доштанд, ки рушди кишоварзӣ
ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин
вобаста аст.
Бо
мақсади сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳо ва беҳдошти ҳолати
мелиоративии заминҳои корам кори тозакунии каналу ҷӯйборҳо ва заҳбуру заҳкашҳо
дар ноҳия вусъат ёфтааст.
Дар
партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон ҷиҳати самараноку оқилона ба истифода додани заминҳои корам, афзун
гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила таъмини амнияти
озуқавории аҳолии ноҳия, тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Хоҷагиҳои
деҳқонии ҳудуди ноҳия дар натиҷаи заҳмати аҳлона нисбат ба солҳои пешин аз
зироатҳои парваришнамудаи худ ҳосили баланд ба даст оварданд.
Роҳбари
давлат зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон вобаста ба
истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида, корам, наздиҳавлигӣ, шартномавӣ,
назди муассасаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ,
дурусту оқилона истифода бурдани заминҳо ва рӯёнидани 3-4 ҳосил дар як сол,
инчунин ғанӣ гардонидани бозорҳо аз маҳсулоти тару тозаи ватанӣ чунин қайд
намуда буданд:
“Мо
бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати
худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табии кишварамон куллан тағйир
диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз
ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ
гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи
бештар маҳсулот истеҳсол намоем.”
Сокинони
меҳнатдӯсти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар замини наздиҳавлигии худ кишти ҳама
гуна сабзавотро ба роҳ мондаанд ва пас аз пухта расидани маҳсулотҳои
кишткардаашон миқдори лозимаро барои худ нигоҳ дошта, боқимондаашро ба бозор
мебароранд. Иқдоми мазкур саривақтӣ буда, самаранок ва оқилона
истифода бурдани заминро бозгӯ мекунад.
Бо зиёд намудани
масоҳати гармхонаҳои хурду миёнаи наздиҳавлигӣ дар фасли зимистон бозорҳои
кишварамон бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин мегарданд. Инчунин, барои
беҳтар намудани зисту зиндагии деҳқон шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар ин росто яке аз
ташаббусҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар назди Кумитаҳои иҷроия
ташкил намудани хоҷагиҳои ёрирасон мебошад ва имрӯз дар назди Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар майдони 1 гектар хоҷагии ёрирасон ташкил
карда шудааст.
Шуъбаи таблиғот ва
иттилооти
КИ ҲХДТ дар н.
Абдураҳмони Ҷомӣ