Боздид аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

2028-05-25

Санаи 24 майи соли ҷорӣ, гуруҳи кории Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати омӯзиши фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дидан намуданд.

Зимни боздид ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоии “Маорифчиён”, “Молия”, “Андозчиён”, “Фарҳанг”, “Расин”, “Стомотология”, “МНДСЭ”, “Беҳбудӣ”, “Шифо”, “Навруз-қаҳрамон” ва “Амонатбонк”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён мавриди омӯзиш қарор гирифта, ҳолати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ҲХДТ, утоқҳои корӣ, иҷроиши нақшаи корӣ, фаъолияти комиссияҳои кор бо занон ва ҷавонон, пардохти ҳаққи узвият, варақаҳои ҳизбӣ ва шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои номбурда баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон, ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва масъулони ҳизбӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, дастуру тавсияҳои судманд дода шуд.

Дар суҳбат зикр гардид, ки ҳизби мо аз ҷумлаи ниҳоди сиёсиест, ки зиёда аз ним миллион аъзо ва дар баробари ин, ҷонибдорони зиёд дошта, саҳми он барои расидан ба ҳадафҳои рушди миллӣ ниҳоят бузург аст. Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин масъала хеле бамаврид зикр доштанд: “Масъулияти чунин қувваи бузурги сиёсӣ дар эъмори давлати демократии Тоҷикистон, тақвият бахшидани робитаҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва таъимини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад”.

Саҳми ташкилотҳои ибтидоии ноҳия дар бахшҳои гуногуни соҳаҳои давлатдорӣ арзишманд арзёбӣ мегардад. Ташкилотҳои номбурда, фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб ба роҳ монда, пайваста баҳри он мекушанд, ки дар тарғиби дастовардҳои истиқлол ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, таблиғи ҳамешагии сиёсати бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат ҷойгоҳи муносиб дошта бошанд.

Аз ин лиҳоз, назорати ҳаракати аъзо, низоми дохилиҳизбӣ, қабули сифатноки аъзои ҳизб, баргузории маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ва супоридани ҳақки узвият як бахши муҳимми фаъолияти дохилиҳизбиро дар бар гирифта, ба миён овардани низоми мукаммал омили муваффақияти фаъолияти ҳизбӣ ба шумор меравад. Тайи солҳои охир ин масъала дар фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ афзалияти хосро касб намудаст