Шӯрои намояндагии «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъсис ёфт

2023-03-25

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Конференсияи XXXVIII Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки вакилон аз кумитаву ташкилоти ҳизбии ноҳия баргузор гардид, ки зимни он Шӯрои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ин ноҳия таъсис дода шуд.

Иброз карда шуд, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Ғамхорӣ дар ҳаққи ҷавонон, ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дуруст аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошад, ки таҳти таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Таъсиси Шӯрои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шароит фароҳам меорад, ки баҳри ҳалли баъзе мушкилоти мавҷуда аз тамоми имконият истифода намуда, ҷавонон бештар ба чорабиниҳои гуногуни ҳизбию давлатӣ ҷалб карда шаванд.

Зимни суханронии худ, Раиси ТҶҶ Созандагони Ватан” Аҳмадзода Оятулло қайд намуд, ки дар ҷаласаи васеи ҳизб, 20 апрели соли 2011 таҳти раёсати Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки баҳри тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандустӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллӣ, иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таъис дода шавад.

Тазаккур дода шуд, ки таъсиси намояндагӣ дар вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза, мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, бахусус терроризму экстремизм, бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки инсониятро ба ташвиш овардааст, саривақтӣ аст. Чунин вазъ тақозо менамояд, ки тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас дар чаҳорчӯби танзими меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад.